Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
сохтори идоракунӣ аз пешравӣ боз монда, ба талабот ҷавобгӯй набушод, он гоҳ монеаи пешрафти иқтисодии корхона мегардад.
Аз ин хотир сохтори идоракунӣ бояд доимо беҳтар ва ба талаботи ҳаёт мувофиқ гардонида шавад.
Сохтори идоракунии самаранок ҳатман аз чунин хусусият бархурдор хоҳад буд:
- системавӣ будан, ягонагии табақаҳо бо тақсимоти аниқи вазифа ва ӯҳдадориҳо;
- афзоиши сохтор;
- мутобиқат бо муҳитҳои нави дохила ва берунаи корхона. Дар ин мавқеъ сохтори идоракунӣ бояд, ки дар худ унсурҳои батартибдароваранда ва беҳтаркунандаро дошта бошад;
- доимияти идоракунӣ, қудрати баробарии қувваҳоро нигоҳ доштан;
- интихоби меъёри беҳтарини идоракунӣ;
- мутобиқ будани идоракунии марказонида ва ғайримарказонида;
- таъмини ҷараёни кор на фақат барои худ, балки барои истеъмолкунанда;
- фаъолият дар ҳудуди қонун.
Риоя кардани шароитҳои боло чунин имконотро таъмин месозад:
- самаранок ҷорӣ намудани мақсадҳо;
- зиёд шудани имконоти тағйир додани тарзу усул ва шеваи идоракунӣ;
- кам кардани хароҷотҳо ба як воҳиди маҳсулот.
Иртиботи байни сохторҳои идоракунӣ дар асоси роҳҳои коммуникатсионӣ ҷорӣ мегардад. Ҳамаи роҳҳои коммуникатсионӣ органҳои идоракуниро бо ҳам пайваста, сохтори коммуникатсияро ташкил мекунанд. Вақте ки вай тамоми ташкилотро дарбар мегирад, сохтори глобалӣ ном мегирад. Бар хилофи ин, агар вай фарогирии бахшҳои алоҳидаи ташкилот бошад, сохтори локалӣ ном дорад.
Доир ба сохтори идоракунии коммуникатсионӣ мо дар боби алоҳида таваққуф хоҳем кард.
Идоракунӣ ҷараёни бисёртарафа мебошад. Ин ҷараён қабули қарор ва расонидани онро то иҷрокунандагон, ҳамоҳангсозии фаъолият, қабул ва таҳлили ахбори натиҷаи фаъолият, танзимдаркорӣ ва ғайраро дарбар мегирад. Ҳамаи ин дар асоси доираи алоқамандии доимӣ ва субъектҳои идоракунӣ барпо мегарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ