Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
дараҷаи мустақилияти иҷрокунанда, ҳар қадар зиёд бошад, ҳамон андозаи меъёр афзоиш меёбад;
имконоти физиологӣ ва рӯҳии шахсони идоракунанда, яъне ҳар қадаре дараҷаи фаҳмиш, хотира, кордонии шахсони идоракунанда боло бошад, ҳамон қадар меъёр баланд мебошад.
Ҳамаи он омилҳое, ки дар боло номбар шуданд бо якдигар робиtai қавӣ дошта, якдигарро пурра мекунанд.
Дар таҷриба ҳудудҳое мавҷуд мебошанд, ки гузаштани онҳо ғайриимкон мебошанд ва ё пастшавии сифати фаъолияти идоракунӣ оварда мерасонанд. Масалан, ба таври сунъӣ кам кардани табақаҳои идоракунӣ, маҳдудияти шахсӣ, шаклсозӣ, бюрократия, ба эътибор нагирифтани ахбори зарурӣ, зиёд шудани муноқиша, унсурҳои манфии идоракунӣ мебошанд.
-
Омили технология. Дар шароити автоматикунонии ҷараёнҳои истеҳсолӣ, пайдоиши шаклҳои нави идоракунӣ, ки зарурияти доими вуҷуд доштани одамро аз байн мебарад, сохтори идоракуни нисбат ба меҳнати дастӣ хеле содда мегардад.
-
Омили иқтисодӣ. Дар ҳолати маҳдуд будани захираҳои иқтисодӣ сохтори идоракунӣ бо мақсади кам кардани хароҷот хеле маҳдуд мегардад.
-
Сохтори идоракунӣ бевосита дар зери таъсири омили инсонӣ, яъне омили иҷтимоӣ қарор дорад. Муносибатҳои рӯҳии одамон омили асосии сохтори идоракунӣ ба шумор мераванд.
-
Сохтори идоракунӣ инчунин аз рӯи мавқеи ҷуғрофии ташкилот вобастагӣ дорад. Махсусан дар корхонаҳои хоҷагии қишлоқ, ки дар минтақаҳои мухталифи ҷуғрофӣ ҷойгир мебошанд, сохтори гуногуни идоракунӣ истифода карда мешавад. Пеш аз ҳама, таъсири омили боду ҳаво, масофаи ҷойгиршавӣ аз шаҳрҳо, шароитҳои фавқулодда ва ғайра.
-
Сохтори идоракунӣ аз сохтори ташкилии корхона низ вобастагии калон доранд. Ташкилот вобаста ба хислати иқтисоди соҳавӣ ва шакли фаъолияташ, сохторҳои гуногуни ташкилиро доро мебошанд ва дар ин замина сохтори идоракунӣ ташкил менамоянд.
Талаботи асосии сохтори идоракунӣ пеш аз ҳама таъмин намудани талаботи афзояндаи инкишофи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад. Бинобар ин, агар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ