Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Андоза ва гуногуншаклии фаъолияти корхона. Ҳар қадар, ки моҳияти васеъ дошта, бахшҳои зиёд дошта бошад, ҳамон қадар сохтори мураккаб дорад.

  2. Меъёри идоракунӣ миқдори итоаткунандагонро ифода мекунад, ки мумкин аст, самаранок идора карда шаванд. Ҳисоби миёнаи меъёри самаранок 7-10 нафар, дар табақаҳои болоӣ 4-5 нафар, дар табақаҳои поёнӣ 20-30 нафар ва мумкин ҳатто васеътар бошад. Ин равиш ба он нигаронида шудааст, ки роҳбар коргаронашро аз чеҳраашон ва ному насабашон донад, -100-150 нафар роҳбар бояд то 900-1000 коргарро идора намоянд. Меъёри идоракунӣ бояд тавре муайян гардад, ки як роҳбар самаранок идора карда тавонад.

Меъёрҳо бояд на баланд ва на паст бошанд. Дар таҷриба меъёри идоракунӣ аз як қатор омилҳо вобаста мебошад:

ҳислати фаъолият, яъне ҳар қадаре, ки мураккаб ва муҳим, гуногуншаклии вазифа ва усули ҳалли он, таъсири он ба ташкилот, зиёд бошад, меъёри идоракунӣ бояд кам бошад, вагарна баръакс;

дараҷаи дониш ва таҷрибаи роҳбарӣ, мавҷудияти вақт аз як тараф, аз тарафи дигар донишу малакаи итоаткунандагон, яъне ҳар қадаре, ки вазъият хуб бошад, ҳамон қадар меъёр баланд мебошад;

нав будани масъала, имконоти ҳолатҳои мураккаб ва номуайянӣ, зеро нишондиҳандаи баланди ин хусусиятҳо нормаи пастро талаб мекунад;

доимӣ будани сохтори идоракунӣ, ҳаҷми корҳои муқаррарӣ, дараҷаи баланди техникии ҳайат, мустақилияти иҷроиши кор, чунки дар ин ҳолат нормаҳои баланди идоракунӣ муайян карда мешаванд;

коммуникатсияи дилпур, масъалагузории аниқ ва пурра, усулҳои аълои қабули қарори идоракунӣ ҳар қадар, ки хуб бошад, ҳамон андоза меъёри идоракунӣ баланд аст;

дараҷаи маданияти ташкилӣ, ҳолати муносибатҳои байни шахсиятҳо муҳити рӯҳӣ - маънавӣ агар солим бошад, меъёрҳо ҳамон қадар баланд мебошанд;

ҷойгиршавии ҳудуди ҷуғрофии иҷрокунандагон, дур будани онҳо аз роҳбар, дар ин ҳолат меъёри идоракунӣ паст мебошад;

пешина
аз 465
навбатӣ