Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Пайдоиши як қатор гурӯҳҳои мустақил дар натиҷаи тақсимоти уфуқии меҳнат талаб мекунад, ки органи нави идоракунӣ сохта шавад, ва ҷараёни идоракуниро ҳамоҳанг созад. Дар ин ҳолат идоракунии дузинагӣ пайдо мегардад.
Дар ҳолати зиёд ва васеъ шудани сохтори ташкилот боз сохтори сезинагии идоракуни ташкил намудан мумкин мебошад.

Сохтори идоракунӣ низ ба монандӣ сохтори ташкилии корхона дар асоси лоиҳаи зерин ташкил карда мешавад:

  1. Параметрҳои умумӣ (гурӯҳҳо ва функцияҳои онҳо, раванди ташкили ахбори идоракунӣ).
  2. Параметрҳои муайянкунанда (стратегия, технологияи идоракунӣ).
  3. Параметрҳои муайяншаванда (миқдори табақаҳои идоракунӣ, меъёри идоракунӣ, тақсимоти вазифаҳо, коргарон ва вазифаҳои онҳо, робитаи байни онҳо).
  4. Параметрҳои баҳодиҳанда (ҳароҷот, шиддатнокии меҳнат, сарбории ахборӣ, вақти коркарди ахбор, мӯҳлати ҳалли вазифа, хатоҳои имконпазир).

Шаклҳои аввали идоракунии корхонаҳо дар нимаи дуюми асри XIX ба миён омадааст, ки аз рӯи ченакҳои зерин ташкил карда мешуд:
❖ кор кардани қоидаҳои қабули қарори идоракунӣ барои амалӣ гардонидани он дар барои ҳамон шакли фаъоляте, ки хислати устувори такроршаванда доранд; ❖ сохтори расмии идоракунӣ; ❖ тақсимоти аниқи коргарон вобаста ба иштирок дар истеҳсоли маҳсулот; ❖ аниқ кардани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гурӯҳҳо, барои сабук кардани вазифагузорӣ; ❖ ташкил намудани алоқаҳои дарозмуддат дар дохили гурӯҳ ва дар байни онҳо.

Ҳаҷм ва мураккабии сохтори идоракунӣ аз рӯи омилҳои зерин муайян карда мешаванд:

  1. Сохтори ташкилӣ ҳамаи он шӯъба ва бахшҳое, ки корхона дар худ дорад, фаро мегирад.
пешина
аз 465
навбатӣ