Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

омӯзем. Сохтори идоракунӣ аз рӯи чунин нишондиҳандаҳо гурӯҳбандӣ карда мешавад:

  1. Аз рӯи дараҷаи мураккабӣ:
    миқдори зинаҳои идоракунӣ ва шӯъбаҳо; миқдори ҷойҳо ва ҷойгиршавии онҳо; миқдори миёнаи итоаткунанда ба як роҳбар; гуногунии унсурҳо.
  2. Аз рӯи қоидаҳои функсионалӣ ва объективии идоракунӣ; 3. Аз рӯи дараҷаи марказонидан (марказонида, ё ғайримарказонида) 4. Аз рӯи мақсаднокӣ (стратегӣ, оперативӣ, ахборӣ) ва ғайра.

Сохтори идоракунии дараҷаи идоракунӣ иборат аст:

  1. Дараҷаи идоракунии олӣ;
  2. Дараҷаи идоракунии гурӯҳҳои алоҳида.

Дараҷа гуфта, миқдори зинаҳои идоракунӣ, таркиби гурӯҳҳо, дараҷаи махсусгардонӣ, автоматикунонии меҳнати идоравӣ, миқдори мутахассисон ва ҳайати ёрирасонро меноманд.

Ташкили сохтори идоракунӣ дар асоси гурӯҳбандӣ ва интегратсияи фаъолиятҳо амалӣ мегарданд.

Дар натиҷаи махсусгардонии амиқ миқдори фаъолияти фарқкунанда меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳамоҳангсозӣ карда шавад. Ба замми ин дар баробари тақсимоти уфуқии меҳнат, тақсимоти амудӣ ба миён меояд. Дар натиҷаи чунин тақсимот як субъект пурра ба фаъолияти истеҳсолӣ ва дигар ба фаъолияти идоракунӣ махсус гардонида мешавад. Дар баробари ин боз махсусгардониҳои зайл ба вуҷуд меоянд:
аз рӯи объектҳо (истеҳсолӣ, фурӯш, молия);
аз рӯи функция (фаъолиятҳо);
аз рӯи мақсад (вазифаҳое, ки ба натиҷаҳои мушаххас алоқаманд мебошанд);
омехта (бо тамоми асосҳояш).

Ташкилоти хурд, ки гурӯҳҳои алоҳида надоранд, сохтори идоракунии яктабақавиро, ки аз як зина иборат ҳаст, доро мебошанд.

пешина
аз 465
навбатӣ