Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
9.1. Сохтори идоракунӣ ва унсурҳои он
Мафҳуми калимаи «сохтор» бо «структура»-и забони лотинӣ ҳаммаъно буда, мазмуни «тартибот», «алоқа», ё худ «ҷойгиршавӣ»-ро дорад.
Сохтори ин ё он объектро ҳамчун шакли муайяни мувофиқкунонии қисмҳои алоҳида ва ё ҳамчун тартиботи кулли алоқаҳои байни ин қисмҳо номидан мумкин аст.
Вобаста аз мафҳуме, ки дар боло қайд кардем сохтори идоракунии ташкилот гуфта, кулли тартиботи органҳои алоҳидаи идоракуниро, ки дар робита бо итоаткунандагон ва иттиҳоди бахшҳои коммуникатсионӣ мебошанд, мемонанд.
Дар ҳар як ташкилот се зинаи органҳои идоракунӣ вуҷуд дорад:
-
Органи идораи умумӣ (дирексия);
-
Органи идораи хаттӣ (роҳбарияти гурӯҳи асосии ташкилот);
-
Органи идораи функсионалӣ (шӯъбаҳои банақшагирӣ, баҳисобгирӣ ва ғайра).
Ҳамаи органҳои идоракунӣ, ки вазифаҳои умумиро ҳал мекунанд, табақаи идоракуниро ташкил медиҳанд. Маҷмӯи органҳои идоракунии як зинаро зинаи идоракунӣ мемонанд.
Органҳои идоракунӣ вобаста ба сохтор, ҳаҷм, хислат ва ҳуқуқи идоравӣ, ҳаҷм ва меҳнатталабии ҳалли вазифаҳо, талабот ба ахбор, базаи моддию техникӣ тафовут доранд.
Идоракунии табақаи идоракуниро сардор ба ӯҳда дорад. Сардори табақа — ҳамчун воҳиди ташкилие мебошад, ки кулли ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо ва ҷавобгариҳои табақаро дар амал татбиқ менамояд.
Вазифа — дар натиҷаи тақсимоти меҳнат дар соҳаи идоракунӣ ба вуҷуд меояд ва то замоне амал мекунад, ки ба зиммаи ӯ функцияи идоракунӣ гузошта шудааст. Вобаста ба ин, ба зиммаи шахсоне, ки вазифа доранд, ӯҳдадориҳо зам мегардад, ки онҳо иҷро намоянд.
Бояд қайд кард, ки сохтори идоракунӣ метавонад, расмӣ ва ғайрирасмӣ низ бошад. Яъне, гурӯҳи шахсоне, ки пешво мебошанд, алоқаҳои шахсии худро истифода карда, ин ё он вазифаро иҷро менамоянд. Дида баромадани сохтори расмӣ ва ғайрирасмӣ ҳамчун як сохтори идоракунӣ имкон медиҳад, ки мо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё