Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Сохтори марказонидаи функционалӣ шакли зеринро дорад:

Расми 5. Сохтори марказонидашудаи функционалии идоракунӣ.

Дар сохтори марказонидаи функционалии идоракунӣ штаби марказӣ бо таваҷҷӯҳ вазифаҳои худ метавонанд, ки бо роҳбарони хаттӣ таъсир расонида, ҳуқуқҳои худро истифода кунанд.

Сохтори матрисавии идоракунӣ низ ба се гурӯҳ карда мешавад.
лоиҳавӣ — матрисавӣ;
функционалӣ — матрисавӣ;
матритсавӣ — штабӣ.

Сохтори лоиҳавӣ — матритсавии идоракунӣ чунин сохторест, ки иҷрокунандагони лоиҳа (шӯъба, ё шахсони алоҳида) бевосита дар доираи итоати роҳбар мебошанд, ва ҳуқуқи роҳбарии хаттӣ ва роҳбарии функционалиро доранд.

Расми 6. Сохтори лоиҳавӣ — матритсавии идоракунӣ.

пешина
аз 465
навбатӣ