Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

даромадан манъ аст, вақте ки дигар одам аллакай он ҷо бошад. Хуб мешуд, ки одамон бо муносибатҳои корӣ вақтҳои муайяни ба дафтари роҳбар даромаданро дошта бошанд. Ба сӯҳбат даъват намуда, дар бораи вақт ва давомнокии сӯҳбат хабардор намоед. Барои он ки сӯҳбат хуб гузарад, зарур аст:
❖ кӯтоҳ ва пурмазмун сухан гӯед; ❖ фақат ба далелу рақамҳои аниқ такя кардан зарур; ❖ касеро ғайбат нанамоед; ❖ калимаи манро кам истифода баред; ❖ дигаронро гӯш кунед; ❖ бо ҳамсӯҳбати худ эҳтиёткор бошед; ❖ дар вақти сӯҳбат ба чашми ҳамсӯҳбат нигоҳ карда сухан гӯед.

  1. Намуди зоҳирӣ ва ҳаракатҳо. Ба намуди зоҳирии худ роҳбар-менеҷер бояд, ки диққати махсус диҳад ва дар ин бора дар бахши 8.4-уми китоби мазкур ба Шумо пешниҳод намудаем.

  2. Маданияти сӯҳбати телефонӣ. Дуруст ва пурмазмун дар телефон сухан гуфтан ба монандӣ дуруст муносибатҳои кориро ташкил кардан мебошад.
    Сӯҳбат бояд, ки оромона, кӯтоҳ ва оиди кор бошад. Гӯшаки телефонро бардошта Шумо номи корхона, ё худ ному насаби худатонро бояд гӯед.
    Дар ҳузури одамон сӯҳбати шахсӣ намудан қабул нест. Агар дар сӯҳбат хатти телефон канда шавад, боз шахсе аз нав телефон мекунад, ки занг зада буд. Сӯҳбати телефониро низ шахси зангзада бояд ба анҷом расонад.

  3. Пайнавишти корӣ — тартиботи гузаронидани мулоқоти кориро меноманд.
    Дар вақти мулоқот пайнавишт хеле ҳам зарур мебошад. Шароити вохӯрӣ ва масъалаи мулоқот байни корхонаҳо бояд, ки 2-3 рӯз пештар аниқ бошанд. Дар ин давра тарафҳо бояд, ки доир ба материалҳои мулоқот ва ҳуҷҷатҳо тайёрӣ бинанд. Вақти саршавии мулоқот бояд аз ҳарду тараф низ риоя карда шаванд. Дар вақти гуфтушунид хуб мешуд, ки дар мизи корӣ нӯшокӣ, ё чой гузошта мешуд. Инчунин будани қаламу қоғаз шарт аст. Ташкили вохӯриро тарафе ба уҳда мегирад, ки даъват менамояд.
    Мулоқот асосан дар гирди мизи корӣ, дар чойнӯшӣ, хӯроки нисфирӯзӣ, ё худ бегоҳӣ барпо мегардад. Вақти наҳорӣ хӯроки нисфирӯзӣ ва чойнӯшӣ

пешина
аз 465
навбатӣ