Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
рӯҳиро сарфаҳм равад.
Корҳои идоракунӣ бояд, ки доир ба рушди ҷисмонии худ низ диққат диҳанд. Менеҷер бояд, ки солим, қомати рост, боқувват ва димоғи болида дошта бошад.
Маданияти идоракунӣ ба ҳосилнокии меҳнат дар соҳаи истеҳсолӣ таъсири калон мерасонад. Дар якҷоягӣ бо дигар омилҳо он ба самаранокии ҳалли масъалаҳо ва беҳтар шудани идоракунии корхона таъсир мерасонад.
Нишондиҳандаҳои асосии маданияти идоракунӣ, ин этикаи касбӣ ва одоби муоширати корӣ мебошад.
Одоби муоширати касбӣ гуфта, кулли ӯҳдадориҳои муайян, қоидаҳо ва меъёрҳои рафториро меноманд, ки дар алоқамандӣ ва муносибатҳои байни коргарон дар раванди корӣ ба миён меоянд. Ин баробарӣ қоидаи маънавӣ, қоида ва қоида мафҳуми қарз, обрӯй ва тарбияи одамон мебошад.
Одоби муошират ин шакл ва усули этикӣ ва этникию рӯҳии алоқамандиро дар раванди корӣ меноманд.
Менеҷер дар ҷараёни идоракунӣ, на фақат меъёрҳои умумии кодекси этикӣ, балки одоби муоширати корчалониро бояд, ки риоя намояд. Инҳо меъёрҳои муроҷиат, муомила, вохӯрӣ, шиносой муносибатҳои корчалонӣ, маданияти рафторӣ, пайнавиштӣ, намуди зоҳирӣ мебошанд.
Як қатор дастурҳои одоби муоширати корчалониро пешниҳод менамоем:
-
Муроҷиат. Дар вақти муроҷиат якум мард ба зан салом медиҳад, хурд ба калон, корманди вазифаи паст ба баланд. Усули муроҷиат ба ҳамкорон ин усули умумии муносибат дар коллектив мебошад. Хубаш, ки ба ҳамкорон аз рӯи ному насаб муроҷиат намоед. Аз рӯи ном фақат шахсони наздик ва одамоне, ки худашон ба он зид нестанд, муроҷиат кардан мумкин аст. Ҳангоми вохӯрӣ бо одамони ношинос бояд, ки худро шинос намоед, ё ин ки ташкилотчии вохӯрӣ шуморо шинос намояд.
-
Муносибатҳои корчалонӣ. Дар муносибатҳои корӣ роҳбар бояд, ки дар доираи ҳуқуқу уҳдадориҳои вазифааш фаъолият дошта бошад. Менеҷер бояд, ки ба ҳамаи коргарон рафтори якхела дошта бошад ва дар ҳама ҳолатҳо худро хуб нишон диҳад. Менеҷер миқдори одамонеро, ки ба дафтари кории ӯ медароянд хеле маҳдуд намояд. Ба дафтари роҳбар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё