Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Ченаки маданияти ташкилӣ - иҷрои саривақтӣ ва мунтазами функцияҳои идоракунии дастгоҳи идоракунӣ ва ҳалли самараноки масоилҳо аст.
Роҳбарон ва мутахассисон бояд, ки маданияти ҳуқуқӣ дошта бошанд: донистани қонун, санадҳои меъёрӣ, маъмурӣ ва ҳуқуқии замон. Мақоми асосиро маданияти шароити меҳнат ташкил медиҳад, яъне диққатҷалбкунанда, инкишофи эҷодкории меҳнат, муҳофизати меҳнат басо муҳим аст.
Асоси коркарди қарори идоракуниро ахбор ташкил мекунад. Бинобар ин маданияти ахборӣ низ самаранокии идоракуниро таъмин месозад. Маданияти ҳуҷҷатгузорӣ - миқдори муайяни ҳуҷҷатҳо, ки дар асоси илми муайяншудае, ки бояд ба менеҷер бирасанд.
Яке аз қисми таркибии маданияти идоракунӣ, маданияти маънавию ҳуқуқӣ мебошад. Маданияти маънавию ҳуқуқӣ фаҳмишу эътимоди одам, маълумотнокӣ, андешаронии шахс мебошад. Ин маданият дар рафтори муносибатҳои башарӣ амалӣ мегардад. Муносибатҳои корӣ бояд тарзе ташкил карда шавад, ки ҳуқуқу арзишҳои дигар шахсонро поймол накунад.
Роҳбарон ва мутахассисон бояд, ки маданияти экологӣ дошта бошанд, ки дар истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва истифодаи технологияи бепартов амалӣ мегардад. Барҳам додани системи бюрократӣ нақши маданияти этикиро баланд бардошт. Маданияти идоракунӣ ба воситаи меъёрҳои этикӣ ва одоби муошират амалӣ мегарданд. Маданияти этикӣ на фақат ба шакл ва усулҳои қоидаҳо, балки дар таҷрибаи одамони фаъолиятҳои гуногун дошта амалӣ мегардад.
Истифодабарии таҷрибаи одамони хирадманд ва бузурги бахши роҳбарӣ имкон медиҳад, ки маданияти шахсии худро пайдо намояд ва алоқамандии дурусти байни одамонро идора карда тавонад.
Вобаста ба ин маданияти психологӣ низ пайдо мегардад. Ин шакли маданият хусусияти хоси худро дорад, яъне маданияти психология хусусияти шахсӣ, идоракунии онҳо ва тарбияи онҳо. Маданияти рӯҳии идоракунии кормандон ин маданияти қабули идоракунӣ, хотирот, фикрронӣ, тасаввурот, ҳаяҷон, эҳсосот, мизоҷ ва дигар маданиятҳои психологию инфиродӣ.
Менеҷер бояд, ки дараҷаи умумии маданиятро дошта бошад, то ки мувозинати инкишофи шахсият, омӯзиш, фаҳмиш, ва азхудкунии боигарии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё