Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Маданият ва самаранокии идоракунӣ асосан аз шахсияти роҳбар, ё мутахассис аз дараҷаи маданияти касбӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ, этикӣ, рӯҳӣ вобаста мебошад.

Маданияти касбии кадрии идоракунӣ аз рӯи маълумот, кордонӣ ва ӯҳдабароӣ муайян карда мешавад. Дараҷаи маълумот — сарчашмаи зарурӣ тезонидани рушди илмию техникӣ дар ҷамъият ва дар коллектив мебошад, муайян шудааст, ки афзоиши даромади миллӣ 1/3 аз ҳисоби дараҷаи маълумот ба даст дароварда мешавад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки хатмкунандагони мактаби 8-сола самаранокии меҳнатро 43%, миёна ба 108%, олӣ 300% зиёд мекунад. Маданияти касбии роҳбар — ба дараҷаи баланд ва ҳунари воло иҷро намудани ӯҳдадориҳои ҳатмӣ, тибқи мақсадгузорӣ, банақшагирӣ, ташкилӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти коллектив, инчунин ҳалли масъалаҳои якҷоя, муттаҳидӣ ва коллективӣ, донистани қоидаҳо ва усулҳои идоракунӣ мебошад. Махсусан бояд маданияти сухан ва сӯҳбатҳо, қабули меҳмонон, гузаронидани ҷамъомаду маҷлисҳо, конференсияҳо, шӯроҳо, ташкили меҳнат хеле баланд бояд бошанд.

Самаранокии меҳнат инчунин аз рӯи маданияти иқтисодӣ, яъне кор дар шароити иқтисоди бозорӣ, беҳтар кардани механизми хоҷагидорӣ ва механизми иқтисодӣ муайян карда мешавад. Сохтори бозор, санъати идоракунӣ, тавонистани банақшагирӣ, ҳисобу китоб ва таҳлили натиҷаи соҳибкорӣ, шаклҳои нави бизнес, истифодаи фишангҳои иқтисодӣ ва ҳавасмандкунӣ манбаи асосии самаранокии меҳнат мегардад.

Маданияти иқтисодӣ бо худ маданияти истеҳсолот (маданияти воситаи меҳнат, предмети меҳнат ва меҳнат), муомилот (мувофиқатнок, мунтазамӣ, муомилот, маданияти бозор, муборизаи рақобат), тақсимот (тақсимот аз рӯи меҳнат, қаноатмандии иҷтимоӣ ва маданӣ бо назардошти талаботи иҷтимоӣ ва маданӣ, бо назардошти сифати меҳнат), таъминот (маданияти хӯрок, манзил, либос) ва амсоли инро ба худ шомил месозад.

Маданияти ташкилӣ — ин сохта тавонистани системаҳои ташкилӣ, таъмини функционалии онҳо, бо ёрии технологияи идоракунӣ ва техникаи ташкилӣ мебошад.

пешина
аз 465
навбатӣ