Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

муносибати хуб ба кормандон;
ҳалли самараноки муноқишаҳо;
дараҷаи музди меҳнат ва дигар ҳавасмандиҳо;
омӯзиши доимии кормандон;
истифодаи васеи компютерҳо ва техникаи замонавӣ, интернет;
муносибатҳои эҳтироми баланди байниякдигарӣ;
адолатпарастӣ ва ҳақиқатпарастӣ.
Қоидаҳои маданияти ташкилӣ дар доираи ташкилоти алоҳида ин маданияти худи ташкилот номида мешавад. Вобаста аз ин маданият муҳити беруна муносибати худро ба ташкилот созмон медиҳад.

8.5. Маданияти идоракунии соҳибкорӣ ва одоби муоширати роҳбарӣ

Маданияти идоракунӣ гуфта қисми маданияти умумибашариро меноманд. Махсусан моҳияти он дар иқтисоди бозорӣ, дар шароите, ки қонунҳои амиқи иқтисодӣ ба шароити бозор нигаронида шуда, доимо ҷараёни навшавии усулҳои истеҳсолот, дастовардҳои илму таҷрибаи пешқадам дида мешаванд, хеле ҳам калон мебошад.

Маданияти идоракунӣ дараҷаи маданияти кормандон, амалӣ гардонидани онро дар ҷараёни ҳалли масоил ва дигар фаъолиятҳои идоракунӣ фаро мегирад:
маданияти иқтисодӣ;
маданияти ташкилӣ;
технология ва техникаи идоракунӣ;
маданияти шароити меҳнат;
дараҷаи баланди воситаи техникии идоракунӣ;
ҷиҳоз;
маданияти системаи ахборӣ;
этикаи алоқамандии коллектив;
этикаи касбӣ ва одоби муошират.

пешина
аз 465
навбатӣ