Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

табиат дохил менамуданд. Дар навбати аввал одамон коркарди заминро сар карданд ва ин иқдоми аввали маданӣ буд. Одамон маданиятро барои он офаридаанд, ки хуб зиндагӣ намуда, ба муҳити атроф муқобилият карда тавонанд.

Маданият - ин дастоварди башарӣ буда, фақат ба инсон хос аст. Ин ба одамон имкон медиҳад, ки дар шароитҳои мураккаб зиндагӣ намуда, сифатҳои одамиро нигоҳ доранд.

Барои он ки маданият арзишҳои худро нигоҳ дорад, вай бояд системаҳоеро дошта бошад, ки ба одамон имкон диҳад, то имкони ҳалли масоили зиндагонии худро хуб иҷро карданро дошта бошанд. Амалӣ гардонидани имконотҳои маданӣ бо манфиати ташкилот, истифодаи он номи «маданияти ташкилӣ»-ро гирифтааст.

Мазмуни маданияти ташкилӣ аз унсурҳои зерин иборат аст:
❖ идеал, миссия, мақсад, вазифа;
❖ қоида ва меъёрҳои фаъолият;
❖ манфиатҳои инфиродӣ ва коллективӣ;
❖ анъана ва урфу одат;
❖ эътибор;
❖ рафтори коргарон;
❖ усули идоракунӣ;
❖ ҳимояи иҷтимоӣ;
❖ ҳисси мутаҳҳидӣ;
❖ тарафдории навҷӯйӣ ва кори пешқадамона;
❖ эҳтироми истеъмолкунанда ва мизоҷон;
❖ боварӣ ба ташкилот;
❖ қаноатмандӣ аз кори худ.

Қоидаҳои асосии маданияти ташкилӣ:
❖ мавқеи устувори доимии корхона;
❖ сифати баланди рақобатноки маҳсулоти корхона;
❖ ҳавасмандӣ ба хоҳиши истеъмолкунанда;
❖ тартибот ва масъулиятнокии ҳайат;
❖ эҳтироми анъанаи ташкилот;

пешина
аз 465
навбатӣ