Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
галстук вобаста аз курта ва костюм интихоб шуда, беҳтар, ки якранг буда, гулҳои хеле хурд дошта бошад;
шимро мувофиқ ба пойафзол пӯшидан зарур аст;
пойафзоли сиёҳ, қаҳваранг мақбул аст;
шарфи пашмин, ё пахтагин ба палто мувофиқ бошад;
чатр - ранги сиёҳ;
қалам барои навиштан - хубаш парҳои тиллоӣ дошта бошад;
ҷӯроб - ранги торик бояд дошта дар пой калон набошад.
дастмовул — пахтагин;
миёнбанд — ба шим мувофиқи ранги тира дошта бошад;
соат — бе ороиши иловагӣ ва мувофиқ ба соатбанд;
ангуштарин мунаққаш бошад ва ё ангуштарини никоҳӣ;
айнак — вобаста аз шакли рӯй;
мӯи сар - мӯи сар вобаста аз шакли сар. Хубаш кӯтоҳ ва батартибдаровардашуда;
мӯйлаб — агар симоро зебо гардонад, вагарна он қадар шарт нест;
атриёт — гуворо ва нафис.
Ин пешниҳодҳое, ки мо намудем албатта барои менеҷерони мард мебошад. Барои занҳо муаллиф аз пешниҳодҳо худдорӣ менамояд, бо назардошти он, ки онҳо худашон ин масъаларо хеле хуб дарк мекунанд. Барои ноил гаштан ба муваффақият менеҷерро дафтари корӣ мақоми хоса дорад.
Талаботи асосии дафтари корӣ тозагӣ, мувофиқ ба кор, озод будани он аст. Ғайр аз ин ҳар як роҳбар вобаста аз хоҳиши худ таҷҳизотҳоро ҷобаҷо мегузорад. Асосан ду нуқтаи корӣ дар дафтар бояд бошад. Яке мизи соҳиби дафтар ва кунҷи алоҳида барои сӯҳбати ғайрирасмӣ.
Фарши дафтар бояд, ки қолинпӯш шуда бошад. Хуб мебуд, ки агар тирезаҳо ба тарафе кушода мешуд, ки намуди зебои табиат бошад, вагарна хубаш бо пардаи зебо пӯшонида шавад. Ҷевони китоб дафтарро зебо мекунад. Мизи корӣ бояд, ки ранги тира дошта бошад. Умуман дафтари корӣ бояд, ки ба мизоҷон эътимод, мувозинати корӣ ва корчалониро нишон диҳад.
Маданияти ташкилӣ гуфта, гурӯҳи муҳими иҷтимоиро меноманд. Таърихан маданият он тағйиротҳое мебошад, ки онро одамон дар объектҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё