Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

муваффақиятҳои вай либос нақши муҳим мебозад. Интихоби либоси корӣ ва корчаллонӣ яке аз шартҳои асосии муваффақият мебошад. Қайд бояд кард, ки фақат як интихоби либос дар муваффақияти менеҷер кам аст. Либосро пӯшида тавонистан лозим аст. Барои ин пеш аз ҳама қаду қомати зебо зарур аст. Барои қаду қомати зебо доштан бояд, ки роҳбар пайваста ба варзиш машғул буда, қомати расо ва ҷолиб дошта бошад, дар он ҳолат либос ба ӯ мезебад.

Унсури дигар ин интихоби либос, ки қобилияти шахсии ҳар як менеҷер мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо менеҷерони табақаи болои шахсони махсуси худро доранд, ки вобаста аз вохӯриҳо, хусусияти онҳо, вақт ва ҷои гузаронидани он барои роҳбарон либос интихоб мекунанд. Аслан занҳо бисёртар ба ин диққат дода, ин вазифаро хуб аз уҳдааш мебароянд.

Ба ақидаи мутахассисон аксари мардони корчаллон либосро нодуруст мепӯшанд. Ин ду сабаб дорад. Якум — баҳо надодани намуди зоҳирии худ. Дуюм — аз ҳад зиёд ба мӯд диққат додан.

Аз як тараф либоси корчаллон бояд, ки ба чашм расад, аз тарафи дигар либос бояд, ки дарэмол кардаю тоза бошад.

Талаботи умумии намуди зоҳирии менеҷер: корӣ ва боварӣ ба худ, диққатҷалбкунанда ва хушсурат, боваринок, ҷаззоб будан.

Як қатор пешниҳодҳо барои тарзу усули либоспӯшӣ ва интихоби он:
❖ хуб мебуд, ки агар дар вохӯрӣ костюми якранг, галстук ва куртаи сафед мепӯшидед;
❖ либоси корӣ ранги баланди сурх, кабуд, сабз, ё зард надошта бошад;
❖ костюми якрангаро бояд ба куртаи якранг бипӯшед на ин ки куртаи дуранга, ё хоначадор;
❖ костюми хоначадорро фақат бо куртаи якранга мепӯшанд;
❖ костюми кабуд бо куртаи якранги осмонӣ ва галстук зебанда аст;
❖ интихоби куртаи пахтагин ё омехтаи пахта мувофиқи мақсад мебошад;
❖ куртаи сафед ва якранга қариб ба ҳамаи костюм ва галстук дуруст меояд;
❖ хуб мешуд, ки агар менеҷер куртаи сурх, сабз, ё зард напӯшад, махсусан, вақте ки рангу рӯяш он қадар солим нест;
❖ куртаҳои киссаи зиёдатӣ ва нишондошта мувофиқи матлаб нест;

пешина
аз 465
навбатӣ