Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
намебурам, чизе, ки гӯянд гӯш меандозам ва дар ҷавоб як чизро такрор мекунам: «Он чизе ки ҳақиқат аст, вай ҳақиқат аст».
Яке аз хислати дигари зарурии менеҷер ин санъати сухан гуфтан аст. Суханро оромона ва мулоим гуфтан лозим. Ҳолати дигари қоидаи тиллоӣ: Мазмуни сухан ва далелҳои боқувват, бо шакли баёни нарму мулоим. Ҳаракат намоед, ки кӯтоҳ ва пурмазмун гӯед. Дар сухангӯиҳо аз калимаҳои зиёдатии бефоида ва хушку холӣ, печида ва мутлақ даст кашед. Ҳамсӯҳбатро бо диққат гӯш кунед. Дар ҳар як сухан як ахбори зарурӣ ҳаст. Дар вақти сухан фақат аз рӯи мавзӯъ сухан гӯед. Дар вақти сухан ба чашми ҳамсӯҳбат нигаред. Дар вақти сухан бо чизи дар даст дошта бозӣ накунед. Хуб мешуд, ки дар вақти сӯҳбат ба соат нигоҳ накунед, галстукро даст гирифтан, ё тез-тез об нӯшиданро низ истифода накунед. Дар вақти сӯҳбат хуб мешуд, ки бо чеҳраи кушоди хандон, шӯхӣ карда, сухан гӯед. Зарбулмасали мардуми Чин мавҷуд аст, ки чунин мегӯянд «Касе, ки хандида наметавонад, ба тиҷорат машғул нашавад». Дар сӯҳбатҳои корӣ албатта аз пешниҳодҳои Корнегӣ ки дар асарҳои ӯ гуфта шудааст, истифода баред.
Агар Шумо шахсият шудан хоҳед, доимо дар такмили (такмили) донишу маҳорати худ кор кунед, ҷаҳонбинии худро васеъ намуда, сифатҳои шахсиятонро баланд бардоред. Одамони яке аз қабилаҳои Африка аз баромадкунанда хоҳиш мекунад, ки «якпоя» сухан гӯяд. Шумо дар вақти баромад худро чунин ҳис карда, суханро кӯтоҳ гӯед.
Гуфтушунидҳои муҳимро аз нав ба хотир оваред ва ба онҳо диққат диҳед, яъне дар аввали ҳафта, ё худ баъди дамгирии хуб дубора дар бораи он фикр кунед. Пеш аз чунин вохӯриҳо хӯрокро аз рӯи меъёр хӯред.
Яке аз унсури дигари усул ва эътибори менеҷер либоси вай мебошад.
Либос — омили назарраси муваффақиятҳои шахсият мебошад. Либоси хуб на фақат димогро болида мегардонад, балки ҳосилнокии меҳнатро баланд бардошта, муносибати атрофиёнро ба Шумо тағйир медиҳад. Чунон ки шайх Саъдии бузург ҳикоят мекунад: Вақте, ки ӯ бо либосҳои кӯҳна ба меҳмонӣ меравад, касе ӯро эҳтиром намекунад. Аммо, вақте ки бо либосҳои зебо пайдо мегардад, ӯро аз ҳама боло шинонда эҳтиром мекунанд, ҳарчанд, ки худи шайх Саъдӣ инро намехоҳад. Махсусан, барои эътибори менеҷер, барои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё