Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
бузург, шоири маъруф Ҳофизи Шерозӣ менависад:
«Ҳасад чӣ мебарӣ, эй сустназм бар Ҳофиз,
Қабули хотиру ҳусни сухан худодод аст».
Дар баробари қоидаҳои мавҷудаи роҳбарӣ, инчунин қоидаҳои рафтории менеҷерро: тарзи гуфтор, либоспӯшӣ ва умуман оне, ки «қоидаи оҳанги хуб» ном дорад, бояд риоя кард.
Менеҷер бояд, ки шахси тарбияёфтаи диққатҷалбкунанда ва дорои дониши касбӣ бошад. Чунки соҳибкор-менеҷер доимо бо одамон сарукор дошта, муваффақияти корхона аз он вобаста мебошад, ки менеҷерон чӣ хел муомила доранд. Мо дар мавзӯъҳои гузашта баъзе талаботҳоро оид ба менеҷер гуфта будем, лекин гумон мекунем, ки ҳоло он боз такмил мехоҳад. Талаботи асосӣ аз менеҷер ин тарбияи доимӣ ва такмили дониши худ аст. Оид ба рафтор дар ҷамъият, дар байни атрофиён, ки онро дар илми менеҷмент — «имиҷ», ё «эътибор» меноманд. Ин пеш аз ҳама рафтори воқеие мебошад, ки муомилаи одамон, ҳурмату эҳтироми атрофиён, зебогии сухан ва ғайраро дар бар мегирад.
Одамоне, ки хислатҳои нармӣ доранд, ботаҳаммулу боандеша, фикрҳои саҳеҳро озодона ва рӯйрост мегӯянд. Онҳо дорои сифате мебошанд, ки онро маърифат меноманд. Нишонаи маърифат — ин ба корҳои бегонагон даҳолат накардан ва аз мушкилии кори худ шиква накардан аст. Маърифат аз тарафи дигар оддӣ будан, дигаронро қоҳиш накардан, худнамоӣ накардан мебошад. Дар баробари ҳамаи ин, эҳтироми худ ва атрофиёнро нигоҳ доштан аст. Ин сифатҳоро дар ҷамъ «маърифатнокӣ» мегӯянд.
Зарур мебошад, ки ҳар як шахс, бахусус роҳбарон ин сифатро дошта бошанд. Яке аз хислати хос ин «гӯш карда тавонистани дигарон» аст. Аммо, вақте ки Шумо мехоҳед сухан гӯед, он гоҳ ҳаракат намоед, то шавқовартар ва хубтар сухан гӯед.
Иқтисодчӣ Карнегӣ менависад, ки яке аз усули аҷоиби обрӯ пайдо карданон ба ӯ як директори Институти тадқиқоти илмӣ нақл мекунад, ки дар ташкилоти мо як шахси бообрӯ ва хирадманде буд, ки доимо мардум барои муҳокима ба наздаш меомаданд ва ҳама пас аз қабулаш ором мерафтанд. Вақте ки ӯро мо ба нафақа гусел мекардем, аз ӯ пурсидем, ки сирри ин хирадмандӣ дар чист? Он шахси хирадманд ҷавоб дод. «Ман ягон вақт сухани касеро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё