Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Шакли якум - диктатура. Дар ин ҳолат тамоми сардорон худро ҳуҷайни мутлақи итоаткунандагони худ шуморида, тамоми қарорҳо аз «боло» ба «поён» бе муҳокима қабул карда мешаванд. Вазифаи муқаддаси итоаткунандагон - хато накарда, фармони болоро бечунучаро иҷро кардан мебошад. Чунин шакли роҳбарӣ дар корхонае дида мешавад, ки роҳбар фаҳмиши паст дошта, дониши нокифоя дорад. Қоидаи роҳбарии аксари ин гуна роҳбарон «Ман сардор - ту девона» мебошад.

Шакли дуюм - мутлақияти мусолиҳакорона. Дар ин ҳолат роҳбарон баъзе вақтҳо фикру ақидаи итоаткунандагонро гӯш мекунанд ва ҳангоми коркарди қарор баъзе фикрҳои поёнӣ ба инобат гирифта мешавад. Камбудии ин шакли роҳбарӣ дар он аст, ки дар он мубодилаи ахбори баръакс қариб вуҷуд надорад.

Шакли сеюм - мутамарказии демократӣ. Роҳбарон фикри итоаткунандагонро гӯш карда, фикри аксариятро асос карда, қарори яккасардорӣ мебароранд. Ин шакли роҳбарӣ нисбат ба ду шакле, ки дар боло гуфта гузаштем як қадам ба пеш аст.

Шакли чорум - демократӣ. Дар ин ҳолат қарорҳо сарҷамъона тайёр карда қабул мешаванд. Ҳар як аъзои коллектив новобаста аз иерархияи идоракунӣ ҳуқуқи якхелаи овоз дорад. Дар вақти муҳокимаи масъалаҳои қоидавӣ ҳуқуқҳои одамони кам, аз ҳисоби қоидаи ризояти умумӣ иҷро карда мешавад. Чунин шакли идоракунӣ қоидаи васеи робиtai мутақобил, мубодилаи ахборро истифода карда, аз аксари хатоҳои идоракунӣ эмин мебошанд. Роҳбар дар ин ҳолат ба сифати ҳамоҳангсоз баромад мекунад.

Таҳлили шаклҳои идоракунӣ нишон медиҳад, ки шакли чорум имрӯзҳо боиси қабул бошад ҳам, ҳанӯз дар аксари корхонаҳои Тоҷикистон шаклҳои якум, дуюм ва сеюми идоракунӣ вуҷуд доранд.

Албатта ташаккулёбии шакли роҳбарӣ бевосита аз шахсияти роҳбар-менеҷерон вобаста мебошад. Асоси сифатҳои шахсият — ин зеҳнӣ, инкишофи маънавӣ, ирода мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки фақат фаҳмиш доштан ҳанӯз барои роҳбарӣ кифоя нест.

Аксари сифатҳои инсонӣ модарзод мебошанд. Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки менеҷер бояд дорои қобилияти зотӣ низ бошад. Чунон ки ҳакими

пешина
аз 465
навбатӣ