Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
мекунад, ки онро амалӣ гардонад. Доимияти чунин тарзи роҳбарӣ аслан дар асоси алоқаҳои хешутаборӣ ва алоқаҳои ғайрирасмӣ бо «роҳбарияти болоӣ» амалӣ мегарданд. Чунки аксар маврид хусуматҳои шахсӣ ва кибрунию бахилии дигарон ин гуна роҳбаронро тез аз байн мебарад.
-
Менеҷери баҳонаҷӯ. Қобилияти баланди дарки вазъиятро дар тамоми навъи кор дорад ва дар ҳамаи бахше, ки фаъолият мекунад, қонунро хеле хуб медонад. Қувваи худ ва коллективеро ба ҳуҷҷатбозӣ ва ҳисоботҳои нолозими дуқаратаю сеқарата ҷалб мекунад.
-
Менеҷери таҳлилгар. Қобилияти баланди модарзодии таҳлил карданро дошта, камбудиро зуд меёбад ва ин корро дӯст ҳам медорад, инчунин роҳи ҳалли онро нишон медиҳад. Боақлона ва зиракона таҷрибаи дигаронро истифода карда метавонад. Камбудии ин гуна роҳбарон дар он аст, ки тамоми қувваи таҳлилии он ба хатои дигарон равон шуда, аз рӯи қоидаи «Дар чашми дигарон гардро мебинад, аммо дар худаш чӯбро намебинад».
-
Менеҷери худгаро - чунин ақида дорад, ки ғайр аз он касе кор намекунад ва чизеро намефаҳмад. Худаш фақат кор мекунад, бо коллектив кор кардан бароиш хеле мушкил мебошад.
-
Менеҷери ислоҳотгаро. Ин гурӯҳи менеҷерон, ки дар солҳои ислоҳот пайдо шудаанд, хислати демократипарастӣ дошта, ба одамон кор карда метавонад, хеле хуб сухан гуфта, усулҳои пешвоии иҷтимоиро нағз медонад, аммо менеҷери касбӣ нестанд. Бинобар ин бо ҳавас меомӯзанд ва қобилияти инкишоф ёфтанро доранд.
-
Менеҷери соҳибкор. Мутахассиси хеле хуб буда, мақсади асосии худро дар инкишофи иқтисодӣ ва иҷтимоии корхона дида метавонанд, манфиати мизоҷон, харидорон ва итоаткунандагон барои вай чизи муқаддас мебошад. Доимо истеҳсолотро хуб гардонида, маҳсулотро нав месозад. Барои худ ва коллектив пул кор карда метавонад.
Ҳамин тариқ, дар зери таъсири менеҷерон як хусусияти хоси идоракунии корхона ба вуҷуд меояд. Вобаста аз ин шаклҳои зерини роҳбарияти корхона ҷудо карда мешаванд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё