Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
низ хато карда, зарар мебинанд. Аз ин хотир менеҷменти замонавӣ талаб мекунад, ки барои менеҷер ба ғайр аз хирадмандию боақлӣ, инчунин кордонию виракӣ лозим аст, ки ҳамаи онро дар якҷоягӣ услуб мемонанд.
Мафҳуми услубро дар Юнони қадим чӯби тез, устухон, ё металли тез медонистанд, ки бо воситаи онҳо дар ҷойҳои муайян менавиштанд. Аз тарзи навишт хондан низ муайян мешуд. Имрӯз дар бораи услуби кор, ё рафтори одам мо онро дар назар дорем, ки ӯ ҳамчун шахсият бо кадом дастхат, ё худ услуби корӣ аз дигарон фарқ мекунад.
Мавқеи услуб дар пешбарии корҳо хеле назаррас мебошад. Дигар хел гӯем «Чӯби сеҳрангези шахси корчалон ин усули кории вай мебошад».
Дар назарияи менеҷмент як қатор усулҳои хоси кори менеҷерон ҷудо карда мешаванд:
-
Менеҷери дастпоҳӣ. Усули роҳбарии ин гуна менеҷерон ҳамчун усули «бюрократӣ» баҳо дода мешавад. Ин гуна одамон чунин хаёл мекунанд, ки гӯё модарзод сардор таваллуд шудаанд. Дар ҳақиқат, ҳолатҳоеро ҳам дидан мумкин аст, ки ин одамон аз мактаби миёна ва олӣ дар шаклҳои роҳбарии гуногун иштирок кардаанд. Услуби асосии роҳбарии вай — маҷлисузаронӣ, «ҷамъомадҳои панҷдақиқагӣ», конференсияҳо, ки ӯ бояд доимо нишон диҳад, ки кор хеле хуб асту аз ӯҳдааш баромада истодааст. Ба роҳбарияти болоӣ муносибати ғайрирасмӣ дошта, ба табақаи поёнӣ бо тамоми қувваи маъмурӣ таъсир расонида, ғайр аз ҷазодиҳии бюрократӣ дигар чизеро сарфаҳм намеравад.
-
Менеҷери вазифадор. Ин ҳам давоми системаи фармондиҳии маъмурӣ буда, каме аз пешина дида фарқ ба он мекунад, ки қоидаи кориаш «ҳаракат-ҳама чиз, мақсад-ҳеҷ чиз». Ин гуна менеҷерон доимо дар даву тозу бесарусомонӣ қарор доранд. Бо одамон кор карданро нағз мебинад, лекин бе таҳлили психологӣ, яъне барои онҳо асосан факту рақамҳо бошанд. Ягон корро то охир нарасонида, дигарашро сар мекунад ва хулоса менеҷер функцияашро иҷро карда истодааст.
-
Менеҷери ихтироъкор. Ин усули роҳбарии куллӣ аз ду усули боло фарқ мекунад. Ин гуна менеҷер вазифаи асосии худро дар тағйир додани ҳолатҳо дида, доимо фикру ақидаи навро тарафдорӣ намуда, ҳаракат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё