Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ба менеҷерон аксар маврид натиҷаи иқтисодии он маълум намебошад. Ин боиси он мегардад, ки аксар вақт менеҷер аз ин корҳо даст мекашад.

  1. Аз даст додани рақобатнокӣ. Дар бозор хароҷоти зиёд дар бахши иҷтимоӣ намуда, саҳми менеҷеронро ба арзиши аслии маҳсулот зам мекунад, ки дар натиҷаи арзиши аслии он баланд шуда, нархи мол низ баланд мегардад ва бо ҳамин моли корхона аз моли рақибон дида қиммат мешавад ва ба савдо намеравад.

  2. Қафо мондан аз мақсадҳои асосии менеҷмент. Корхона ба барномаҳои бемаблағи иҷтимоӣ кор карда, аз мақсади асосии худ, гирифтани фоидаи зиёд даст мекашад. Дар натиҷаи ин дасткашӣ ба маҳдудияти истеҳсоли баъзе маҳсулот оварда, корхонаро аз бозор мебарорад.

  3. Таъсири омили маънавӣ. Ҷорӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ таъсири маънавии ҷамъиятиро бештар месозад ва корхона маҷбур мешавад, ки аз мақсади иқтисодию бозории худ даст мекашад.

  4. Захираҳои иловагӣ. Чорабиниҳои иҷтимоӣ фақат бо воситаи ҳамон захираҳое ҷорӣ карда мешаванд, ки дар ҳамон ҳолат барои бизнес зарур мебошанд.

  5. Имкони гирифтани имтиёзҳои давлатӣ. Чорабиниҳои иҷтимоӣ аз тарафи давлат дастгирӣ карда мешаванд ва ташкилоте, ки ба ин корҳо машғул мешаванд, аз тарафи давлат баъзе имтиёзҳо мегиранд (аз баъзе андозҳо озод карда мешаванд, ё худ андозро бо фоизи имтиёзнок месупоранд).

  6. Муҳити хуби соҳибкорӣ ва маблағгузорӣ. Фаъолияти иҷтимоии корхона эътибори корхонаро дар назди ҷамъият ва соҳибкорон мебардорад ва барои банақшагирии стратегии ташкилот шароити хуб пайдо мешавад.

  7. Имкони интихоби барномаҳо. Менеҷере, ки интихоби озоди барномаҳои иҷтимоӣ мекунад аз ҳисобот озод мебошад.

8.4. Услубҳо, эътибор ва маданияти ташкилии менеҷер

Кори менеҷер доимо талаб мекунад, ки ҳар чӣ зиёд фаъолият дошта,
чизеро боз зиёд истеҳсол намояд. Барои он ки ба муваффақиятҳо ноил гардед –
ақли солим лозим аст. Аммо аксари ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки одамони боақл

пешина
аз 465
навбатӣ