Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Инчунин системаҳои дигари сохтори этикӣ вуҷуд дорад, ба монандӣ барномаҳои таълимӣ, семинарҳо ва конференсияҳо, ки ба масъалаҳои этикии бизнес нигаронида шудаанд.
Асосан ба сифати меъёрҳои этикии менеҷмент дохил карда мешавад:
❖ роҳ надодан ба гурӯҳбандии синфӣ, миллӣ ва нажодӣ;
❖ эҳтиром ба занҳо, баробарҳуқуқӣ бо мардҳо;
❖ эҳтиром ба мӯйсафедон ва собиқадорон;
❖ эҳтиром ба ҳокимият ва роҳбарон;
❖ эҳтиром ба меҳнати дигарон;
❖ ҳамдардӣ ба бадбахтии дигарон;
❖ ҳаракат ба тозагӣ ва тартибот;
❖ тарзи зебои либоспӯшӣ.
Вайронкунандаи меъёрҳои этикӣ гуфта:
❖ беэҳтиромӣ ба меҳнати дигарон;
❖ беэҳтиромӣ ба фикри дигарон;
❖ беэҳтиромӣ ба илм, маълумот ва таҷрибаи дигарон;
❖ вайронкунии қоидаҳои рафтори ҷамъиятӣ;
❖ муҳокимаи сифати одамон дар ғайби онҳо.
Ӯҳдадории бевоситаи менеҷер даъват намудани коллективи корхона ба рафтори этикӣ аст. Барои ин бояд, ки дар шакли системавӣ корҳо оид ба омӯзиш, ташкил ва банақшагирии тарбияи этикии коллективи корхона бояд ташкил карда шаванд. Чунон ки дар боло гуфтем, дар корхонаҳо комиссия, комитетҳо доир ба этика ташкил карда мешавад.
Дар баробари риоя кардани меъёрҳои этикӣ менеҷер боз ӯҳдадориҳои иҷтимоиеро дорад: ихтиёран дар ҳалли масоили иҷтимоӣ иштирок намояд. Ӯҳдадориҳои иҷтимоӣ як қатор сифатҳои фарқкунандаи худро дорад:
-
Мураккабӣ. Бо сабаби он ки масъулиятҳои иҷтимоӣ меъёрҳои аниқи ҳуқуқӣ надоранд, дастурамалҳои алоҳида надоранд, бинобар ин менеҷерон ба иҷрои онҳо тайёрии хуб надоранд.
-
Натиҷаҳои номаълум. Аксари ҷанбаҳои иҷтимоӣ базаи қонунии кифоя надоранд, мисол: ёрдамҳои беғаразона, ташкили чорабиниҳои идона, бинобар ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё