Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
қасамҳои зиёди дурӯғ ҳеҷ гоҳ менеҷер соҳиби меъёрҳои этикӣ намегардад. Бинобар ин ягона сарчашмаи муҳити этикии корхона ин рафтори худ роҳбарияти корхона мебошад.
Кодекси маънавӣ — ин пешниҳоди шакли хаттии арзишҳои этикӣ ва иҷтимоии корхона мебошанд, ки бо мақсади ба ҳар як коргар расонидани қоидаҳое, ки ташкилот риоя мекунад. Кодекси маънавӣ дар асоси қоидаҳои ташкилот тартиб дода шуда, дар он сиёсати ташкилот нишон дода мешавад. Сиёсати ташкилот, ин тартиботи фаъолияти корхона ва аъзоёни он дар шароитҳои конкретии ҳолатҳои этикӣ ва маънавӣ, риояи қонун, ҳавасмандии коргарон, имкони якхела ба коргарон мебошад.
Кодекси маънавӣ муайян мекунад, ки ҳақиқатпарастӣ ва этика дар зоҳирӣ ҳар як шахс вуҷуд дорад ё ин ки не. Бинобар ин баъзе шахсон рафтори этикӣ доранд, дигарон инро надоранд. Барои он, ки ҳақиқатпарастӣ ва этика рамзи ташкилот гардад, ҳар як аъзои корхона бояд барои ноил гаштан ба он ҳаракатҳои зеринро иҷро намоянд:
❖ ҳақиқатпараст будан ва дар ҳама муносибатҳо дар боварӣ будан;
❖ иҷро кардани ҳамаи вазифаҳое, ки дар назди мо гузошта шудааст ва боз ӯҳдадорӣ гирифтан;
❖ ҳақгӯй ва қоил будан ба он чизе, ки мегӯем ва менависем;
❖ ҳамкории ташаббускорона ва ёрӣ расонидан ба ҳамкорон дар ҳама маврид;
❖ муносибати оқилона ва ҳақиқатпарастӣ нисбат ба ҳамкорон, харидорон ва дигар шахсон;
❖ дар тамоми фаъолиятҳо қонунро риоя намудан;
❖ ба ташкилоти худ содиқона хизмат кардан, қувваро барои беҳтар кардани сифати зиндагӣ дар ҷаҳоне, ки мо зиндагонӣ мекунем.
Сохтори этикӣ. Ба сохтори этикӣ системаҳои гуногун шомил мебошад, ки ба воситаи онҳо ташкилот рафтори коргаронашонро ба қоидаҳои маънавӣ ҳавасманд мегардонанд. Дар баъзе ташкилот комиссияи доир ба этика ташкил мешавад, ки дар он гурӯҳи роҳбарони табақаи болоӣ риояи қоидаҳои этикиро назорат карда, қарорҳо қабул менамоянд. Шахсоне, ки ин меъёрҳоро вайрон мекунанд, ҷазо дода мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё