Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Агар таҳлили воқеии рафтори ташкилотро назар афканем, асосан ташкилоте монеа мешаванд, ки фаъолияташон пурра дар асоси талаботи иқтисодӣ ба роҳ монда шудаанд. Ташкилоте, ки тактикаи ғайрифаъолро пеш гирифта, ба талаботи иловагӣ ризо мешаванд, бо худ пурра масъуриятҳои иловагии иҷтимоиро мегиранд ва барои беҳтар шудани дараҷаи иҷтимоии ҷамъият кӯмак мерасонанд.

8.3. Ташкили идоракунии этикӣ ва масъулияти иҷтимоии ташкилот

Аксари менеҷерон барои беҳтар кардани муҳити этикии корхона, инчунин баланд бардоштани моҳияти масоили иҷтимоӣ диққати зиёд медиҳанд. Онҳо намехоҳанд, ки рӯзе дар назди ҳомиёни қонун мавқеи ҳимоятгариро дошта бошанд. Чи хеле ки экспертони бахши менеҷмент қайд мекунанд: «Менеҷмент бояд чунин шароитро ташкил карда, вазъиятеро нигоҳ дорад, ки одамон худро ҳамчун одамони комилҳуқуқ нишон дода тавонанд». Бинобар ин роҳбарияти ташкилот бояд тарафҳои маънавии фаъолияти менеҷеронро назорат намояд бо истифода аз усулҳои зерин:
усули рафтори шахсӣ;
кодекси маънавӣ;
сохтори гуногуни этикӣ.

Рафтори шахсӣ. Ассотсиатсияи америкоии роҳбарони олии 250 корпорапсияи калонтарин ҳисоботи «Мизи мудаввари бизнес»-ро оид ба сиёсати этикӣ ва таҷрибаи аъзоёни худ менависанд, ки «Оиди ҳалли ин масъала ягон қувва ба қувваи фаъолияти менеҷмент баробар шуда наметавонад».

Директорон ва менеҷерони калони ташкилот бояд кушоду равшан ва бо боварӣ меъёрҳои рафтори этикиро дастгирӣ намуда, худашон бояд пешвоёни арзишҳои нави этикӣ гарданд. Тарафдории меъёрҳои этикӣ будани худро дар вақти баромадҳо, ҳуҷҷатҳои ҷорӣ ва директивии ташкилот нишон диҳад. Агар менеҷер меъёрҳои этикиро бо мақсади фоидаҳои муваққатии худ истифода намояд, он гоҳ ин рафтори ӯ тез дар корхона паҳн мешавад, чунки ҳайати корхона хеле хуб рафтори ҳар як менеҷерро медонад ва баҳо медиҳанд. Бо роҳи

пешина
аз 465
навбатӣ