Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Масъулияти этикии корхона ин фаъолияти зарурии ҷамъиятӣ мебошад, ки дар ягон қонун дида нашудааст ва ба масъулияти иқтисодии корхона дохил намешаванд. Дар боло қайд кардем, ки рафтори корхона этикӣ ҳисоб карда мешаванд, дар ҳолате ки агар менеҷерони он қоидаҳои баробарӣ, ҳақиқатпарастӣ ва холисиро риоя намоянд. Рафтори ғайриахлоқӣ гуфта, рафтори корхонаро мегӯянд, ки аз ҳисоби ҷамъият фоида ба даст оварда, ба он зарар биорад. Аксари мавридҳо сохтмони мағозаҳои калони тиҷоратӣ дар маркази пунктҳои аҳолинишин боиси он мегардад, ки мардум дигар ба ҷои дур рафта хароҷоти зиёд карда харид намекунанд ва баробари ин дар назди мағозаҳо сартарошхона, қаҳвахона, ресторанҳо (тарабхона) пайдо шуда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар натиҷа ташкилот манфиатҳои тиҷоратиро ба манфиатҳои ахлоқӣ мувофиқ кунонидааст.
Масъулиятнокии иҷтимоиро ба ӯҳда гирифтан, ин хоҳиши волои роҳбарони ташкилот ба ҳисоб меравад, ки онҳо маблағгузории мактабҳо, боғчаи бачагона, нафақахӯрон, одамони ноқисулақлро ба зимма мегиранд. Ҳолатҳое низ мешаванд, ки органҳои ҳокимияти маҳал талаботи навро пеш мегузоранд. Дар назарияи менеҷмент як қатор пешниҳодҳо мавҷуд аст, ки корхона бояд истифода кунад. Ин ҳаракатҳо монеагузорӣ, муҳофизатӣ ва мувофиқ шудан ба ҳолати ғайрифаъол мебошанд.
Баланд
Дараҷаи масъулияти иҷтимоӣ
Паст
Ғайрифаъол
(қабул кардани талаботи иҷтимоӣ)
Ба вазъият мувофиқ шудан
(қабул кардани ӯҳдадориҳои нави этикӣ)
Муҳофизат
(он чизе, ки қонун талаб мекунад, ҳамонро иҷро кардан)
Монеагузорӣ
(зиддият нишон додан)
Расми 5. Рафтори ташкилот ба талаботи иҷтимоӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё