Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
вобаста аз реҷаи корӣ ва шароити табиию ҷуғрофии мамлакатҳо муайян карда мешавад.
Тӯҳфаҳои корӣ. Дар олами соҳибкорӣ тӯҳфа кардан қабул аст. Асосан тӯҳфаи хотиравӣ, молҳои нишонаи ширкат дошта бамаврид аст. Аммо дар ин меъёр лозим аст. Чизҳои аз ҳад қиммати зиёддошта аллакай тӯҳфа нестанд.
Ҳангоми вохӯриҳои корӣ дар дигар давлатҳо хуб аст, ки тӯҳфаҳои хотиравии миллӣ, расм, китоб, нӯшокиҳои миллӣ ва ғайра тақдим намоед. Тақдими тӯҳфа бояд, ки хеле пешбинишуда бошад ва ба он суханҳои хуб, хоҳишҳо ҳамроҳ бошанд.
- Маданияти сухан. Дар назар доред, ки маълумотнокӣ, мантиқӣ будан, эҳсосот, шарти зарурии алоқаҳои кориро ташкил мекунад. Дар вақти сӯҳбат калимаҳо ва истифодаи онҳо, тарзи талаффуз бояд, ки мантиқ дошта бошанд. Дар сӯҳбат, фикри дигаронро қатъиян рад кардан, ё буридани сухан мувофиқи матлаб нест.
Ҳамин тариқ, риояи этикаи роҳбарӣ ба менеджменти корхона имкон медиҳад, ки самаранокии кории худро баланд бардошта, барои ба мақсадҳои асосии стратегӣ ноил шудан кӯмаки калон мерасонанд.
8.6. Саволҳои санҷишӣ
- Хусусиятҳои хоси рафтори менеҷер дар корхона кадомҳоянд?
- Меъёрҳои этикии байналхалқии менеджментро номбар намоед.
- Рафтори менеҷерро чӣ тавр баҳо медиҳанд?
- Урфу одат, анъанаҳои миллӣ дар рафтори менеҷерони корхона чӣ тавр бошад?
- Маданияти идоракунӣ чист?
- Одоби муоширати корчалонӣ кадом унсурҳоро дар бар мегирад?
- Мисолҳои аниқро оид ба вохӯриҳои худ бо роҳбарон биоред.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё