Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ӯҳдадориҳои роҳбари ташкилот барои қабули қарор ва фаъолиятҳое мебошад, ки дараҷаи некӯаҳволии одамон ва манфиати ҷамъият ва ташкилотро низ беҳтар менамояд.

Албатта аз нигоҳи назариявӣ ин муайянкунӣ он қадар мушкил нест, вале амалӣ гардонидани он системаи хеле мураккаб мебошад. Зеро ки ҳар яке мо пеш аз ҳама дар асоси меъёрҳо ва арзишҳои дохилии худ қарор қабул менамоем. Аз тарафи дигар аксар ҳолатҳо манфиатҳо бо ҳам зид мебошанд, яъне агар мо музди меҳнати коргаронро бемайлон баланд бардорем, хоҳ нохоҳ ин ба иқтисоди корхона таъсири манфӣ мерасонад. Агар не дараҷаи зиндагии мардум паст мемонад. Аз ин мисолҳо маълум мегардад, ки ин масоилҳо хеле мураккабанд. Саволе дигар ҳам ба миён меояд, ки корхона дар назди кӣ масъулияти иҷтимоӣ дорад? Аз нигоҳи менеҷмент муҳити дохила ва берунаи корхона хеле васеъ буда, аз унсурҳои зиёде иборат мебошанд. Муайян шудаанд, ки гурӯҳҳои манфиатнок, ки дар дохил ва берун аз корхонаҳо вуҷуд доранд, талаботи махсуси худро оид ба фаъолияти корхонаҳо доранд. Мисол дар расми 3 гурӯҳҳои манфиатноки асосиро нишон медиҳем:

Муҳити беруна

Ташкилоти содироти нафт

Аҳолии маҳал

Кредиторон

Ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ

Олимони эколог

Истеъмолкунандаи дохилӣ

Истеъмолкунандаи хориҷӣ

Ширкати калони байналхалқӣ

Гурӯҳи манфиатдори махсус

Рақобати дохила

Судҳо

ВАУ

Давлатҳои хориҷӣ

Саҳҳомон

Ҳокимияти маҳал ва федералӣ

Инвесторҳо

Коргарон ва иттифоқи касаба

Рақибони хориҷӣ

Молтаъминкунандаи хориҷӣ

Молтаъминкунандаи дохилӣ

Расми 3. Гурӯҳҳои манфиатдори фаъолияти истеҳсолии ширкати байналхалқӣ

пешина
аз 465
навбатӣ