Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

фикрронии мустақил, қарорҳое, ки аз қоидаҳои маънавӣ пайдо мегарданд, нишонагирӣ мекунад. Ин давра дар он вақт пайдо мегардад, ки агар коргарон бевосита дар ҷараёни идоракунӣ иштирок намоянд.

Аксари шахсони алоҳида, роҳбарон то давраи дуюм мерасанд. Ба давраи сеюми инкишоф ҳамагӣ 20% американҳои синну солашон калон мерасанду халос. Чунин одамон қарори этикии саҳеҳ қабул менамоянд, ҳарчанд ки агар ин ба зарари онҳо ҳам бошад.

Бисёр олимон наметавонанд фаҳманд, ки барои чӣ занон нисбат ба мардҳо реалияти иҷтимоиро аз нигоҳи худашон қабул мекунанд, бинобар ин онҳо доимо дар давраи поёнии инкишофӣ қарор доранд.

Муҳаққиқ Кэрол Ҷилиган пешниҳод менамояд, ки доираи рафторҳои маънавиро бояд васеъ намуда, дар он боз ғамхории наздикиро ҳам илова кардан зарур мебошад. Занҳо равияҳои мураккаби маънавиро нисбат ба мардҳо хеле ҳам наздик ва қарорҳои маънавиро на дар асоси қоидаи «хуб ё бад» балки «зарар нарасон» қабул менамоянд. Аз ин ҷо дурустии қарори занҳо ба этикаи ғамхорӣ равон карда шудааст. Бинобар ин ба давраи сеюми усули идоракунӣ дуруст меоянд.

Омили асосии дигаре, ки ба рафтори менеҷерон таъсири калон мерасонад, ин ҷараёни глобализатсияи иқтисодӣ мебошад. Ҳамкории байналхалқӣ ва характери байналмилалӣ гирифтани фаъолияти менеҷерон масоилҳои этикӣ ва арзишҳои онро хеле ҳам мураккаб намудааст. Мисол дар аксари давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода «пора» гирифтан ҳамчун як таҷрибаи мақбули соҳибкорӣ қабул шудааст, ё ин ки намояндаи гумрук ҳатман бояд ҳисса гирад, гӯё ки илова ба муздаш мебошад. Аммо дар аксари мамлакатҳои тараққикарда ин чиз қабул нест.

8.2. Масъулиятнокии иҷтимоии ташкилот ва баҳои фаъолияти иҷтимоӣ

Консепсияи масъулиятнокии ташкилот дар назди ҷамъият, ҳамчун консепсияи этикӣ, хеле ҳам содда мебошад: мазмуни асосии он аст, ки ташкилот бояд хубро аз бад фарқ кунад ва мувофиқи меъёрҳои маънавие, ки ҷамъият қабул намудааст, амал намояд. Мазмуни расмии масъулияти иҷтимоии ин

пешина
аз 465
навбатӣ