Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар байни 19 гурӯҳи манфиатдорон боз ҷудо кардан мумкин аст, манфиатдорони асосӣ, ки бе онҳо ширкат вуҷуд дошта наметавонад, ки инҳо инвесторҳо, саҳҳомон, коргарон, харидорон ва молрасонон мебошанд. Талаботи инвесторон ва аксионерон ин пеш аз ҳама идоракунии самараноки компания, ки фоида ба даст оварда, самаранокии истифодабарии захираҳоро таъмин карда тавонанд. Коргарони компания бошанд талаб доранд, ки аз натиҷаи меҳнаташон қаноатмандӣ гиранд ва баробари музди хуби меҳнат инчунин роҳбарии хуб, муҳити психологии хуби корхонаро интизор мебошанд. Харидорон бошанд сифати хуби мол, нархи нисбатан паст, имкон ба молҳо ва хизматҳоро интизор мебошанд.

Ба ҳайати гурӯҳҳои манфиатдори асосӣ инчунин давлат ва аҳолии минтақае, ки ширкат дар он ҷойгир мебошад шомил кардан мумкин аст.

Гурӯҳи дигари манфиатдорон ин олимони бахши экологӣ, гурӯҳи муҳофизати табиат баромад мекунанд. Маълум аст, ки дар шароити имрӯза аксари фаъолиятҳои корхонаҳо, махсусан корхонаҳои калон бевосита ба нобудшавии олами наботот ва ҳайвонот, инчунин ифлосшавии муҳити атроф оварда мерасонад. Бинобар ин аз тарафи гурӯҳи манфиатдор баланси экологӣ нигоҳ дошта шавад ва ташкилоту корхонаҳо он меъёрҳое, ки онҳо пешниҳод мекунанд, риоя намуда, барои беҳтаршавии вазъи экологӣ боз маблағҳо низ ҷудо намоянд.

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки масъулиятнокии иҷтимоии барфии менеҷерон чизи осон набуда, хеле мушкил мебошад ва онҳо хоҳ нохоҳ бояд онро иҷро намоянд. Чунин фаъолияти ташкилот аз якчанд тараф баҳо дода мешаванд. Яке аз модели баҳодиҳии натиҷаи фаъолияти иҷтимоии корхона дар расми 4 оварда шудааст.

Ченаки аввали баҳои масъулияти иҷтимоии корхона ин масъулияти иқтисодӣ мебошад. Тамоми ташкилоти тиҷоратӣ ячейкаи ҷамъиятие мебошад, ки масъулиятро оид ба истеҳсолоти маҳсулоти зарурӣ ва хизматҳо ва максимизатсияи фоидаи саҳҳомӣ равона месозанд. Мақсади баланди масъулиятнокии иқтисодӣ ин ҳарчӣ фоидаи зиёд ба даст даровардан мебошад. Иқтисодҷии бузург Фридман асосҳои назариявии ин концепсияро кор карда баромадааст. Вай қайд мекунад, ки фаъолияти ташкилот бояд ба гирифтани

пешина
аз 465
навбатӣ