Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Ҳуқуқ ба озодӣ ва ризоият. Ба дигар одам танҳо ҳамон вақт таъсир мерасонед, ки агар вай озодона ризогӣ диҳад.

  2. Ҳуқуқ ба зиндагонии шахсӣ. Берун аз кор ҳар як шахс бояд бо хоҳиши худ зиндагонӣ намояд ва ҳуқуқ дорад ахбореро назорат кунад, ки ба шахсияти ӯ тааллуқ дорад.

  3. Ҳуқуқ ба озодии виҷдон. Инсон ҳақ дорад, ки аз иҷрои қароре даст кашад, ки бар зидди меъёрҳои маънавӣ ва динии вай мебошад.

  4. Ҳуқуқи озодии сухан. Инсонҳо ҳуқуқ доранд, ки аз рӯи меъёрҳои этикӣ ва ҳуқуқӣ рафтори дигаронро танқид намоянд.

  5. Ҳуқуқи гӯш кардан ба муроҷиат. Ҳар як шахс ҳуқуқ дорад, ки дигаронро гӯш кунад ва муомилаи дуруст дошта бошад.

  6. Ҳуқуқи зиндагӣ ва бехатарӣ. Инсонҳо ҳуқуқи ҳимояи ҷони худ, саломатӣ ва бехатариашонро доранд.

Пешниҳод карда мешавад, ки қарорҳои этикӣ бояд ин ҳуқуқу меъёрҳоро вайрон накунанд. Мисол, гӯш кардани сӯҳбати дигарон ин аллакай вайрон кардани ҳуқуқи зиндагонии шахсии коргар мебошад. Ҳуқуқи озодии сухан имкон медиҳад, ки коргарон ё журналистон дар бораи рафторҳои ғайриқонунӣ ё худ нодурусти этикии роҳбарон сухан гӯянд.

Консепсияи адолатпарастӣ тасдиқ менамояд, ки меъёрҳои этикӣ дар асоси қоидаҳои баробарӣ, ҳақиқатпарастӣ ва холис бошанд. Аз нигоҳи менеҷерон се шакли адолат вуҷуд дорад:

❖ адолати тақсимотӣ;

❖ адолати тартиботӣ;

❖ адолати барқароркунӣ (консепсия).

Адолати тақсимотӣ талаб мекунад, ки муносибати менеҷер бо итоаткунандагон дар асоси талаботи воқеӣ сурат гиранд. Агар қарор ба ҳар ду тараф тааллуқ дошта бошад, он гоҳ бояд, ки тарафҳои он баробар тақсим шуда бошанд. Албатта, агар марду зан агар як супориши кориро иҷро кунанд, музди якхела мегиранд, вале агар дар маҳорати касбии коргарон фарқиятҳо бошанд, он гоҳ музди меҳнати гуногун мегиранд. Дар ҳама ҳолат муносибати менеҷер ба итоаткунандагон бояд, ки аниқ ба мақсад ва вазифаҳои корхона вобаста бошад.

пешина
аз 465
навбатӣ