Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Адолати тартиботӣ — талаб мекунад, ки ҳақиқатпарастии маъмурӣ дар рафтор ва муносибати итоаткунандагон бошад. Қоидаҳо бояд аниқ, фаҳмо, доимӣ ва дар амал татбиқшаванда бошанд.

Адолати (ҷуброни зарар) тарафҳои ҷавобгарро маҷбур месозад, ки зарари овардашударо ба одамон барқарор созанд. Аз тарафи дигар одамон набояд ба ҳодисаҳое, ки аз доираи назорати онҳо дур ҳастанд, ҷавобгар бошанд.

Консепсияи адолатпарастӣ бисёртар қисме, ки дар системаи қонунии меъёрҳои ҳуқуқӣ ҷойгир мебошад мувофиқат менамояд. Аз тарафи дигар аксарияти қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ бояд, ки дар асоси консепсияи адолатпарастӣ қабул карда шаванд, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин карда тавонанд.

Агар менеҷерро дар дурӯғгӯӣ, фиребгарӣ ва ё дуздӣ ҷавобгар созанд, он гоҳ гуноҳро дар сари шахсони алоҳида, ё ҳолате, ки ин ҳодиса ба миён омадааст бор мекунанд. Қисми зиёде аз мо ҳисоб мекунанд, ки қарорҳои хуби этикӣ аз рӯи виҷдони шахс қабул карда мешаванд. Ин мумкин қисман дуруст бошад, аммо на дар ҳама ҳолатҳо.

Таҷрибаи этикӣ ва ғайримаънавии бизнес ин системаи арзишҳо, муносибатҳо ва усулҳои рафторие мебошанд, ки дар маданияти ташкилӣ қабул шудааст. Аз ин нуқтаи назар масоилҳои этикӣ ин бештар дар ҷиҳати ташкилӣ мебошанд.

Менеҷер дар кору машғулият рафтор ва ҳаракатҳои шахсии худро нишон медиҳад. Талаботи фардӣ, оила, диният омилҳое мебошанд, ки ба системаи арзишҳои менеҷер дахл доранд. Ҳангоми қабули қарори этикии дуруст менеҷер низ нишонагирӣ ба рафторҳои шахсиятҳои иҷрокунанда ва донишу боварӣ ва дигар хислатҳои шахсии худ такя мекунад. Яке аз характери асосии шахсии менеҷер ин инкишофи маънавии вай мебошад, модели кӯтоҳкардашудаи рафтори маънавии дар расми 2 нишон додашуда мебошад.

Дар давраи 1-ум аслан одамон, менеҷерон бисёртар ба манфиатҳои беруна, ё ҷазоҳо диққат дода, роҳбарон ба ҷазо нишонагирӣ мекунанд. Дар ҳолати иҷро нашудан аз нигоҳи ташкилии менеҷмент, ин давра ба менеҷероне тааллуқ дорад, ки усулҳои шахсиятпарастии идоракуниро истифода мекунанд, ё ин ки менеҷероне, ки фақат нишона барои иҷрои вазифа доранд.

пешина
аз 465
навбатӣ