Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

қаноатманд менамоянд. Аз тарафи дигар сухан дар бораи варианти оптималии ҳалли масъала меравад. Албатта аксари мавридҳо пурра ба инобат гирифтани ҳамон омилҳо ғайриимкон мебошад. Бинобар системаи кӯтоҳкардашуда истифода карда мешавад. Мисол дар бораи зарар, ё фоида, фақат нишондиҳандаҳои миқдории пули истифода карда мешаваду халос. Ҳолатҳое низ мешавад, ки мехоҳанд фаъолияти ягон шӯъбаи корӣ, ё худ филиали корхонаро қатъ гардонанд. Асосноккунии таъсиррасонӣ чунин шуданаш мумкин аст: «Фаъолияти ояндаи шӯъба, ё филиал барои корхона ғайрисамаранок мебошад»; мисоли дигари этикети таъсиррасонӣ — манъ кардани тамокукашӣ ва майнӯшӣ дар ҷои кор инчунин дар охири рӯзи корӣ, барои он ки чунин рафтор ба коллективи ташкилот таъсири манфӣ мерасонад.

Усули фардӣ — мазмуни ин дар он аст, ки рафторҳои маънавии шахс барои ояндаи ӯ фоидаовар мебошанд. Дар ин ҷо қувваи асосӣ бояд худидоракунӣ бошад ва таъсири қувваҳои беруна, ки метавонанд ба он таъсир расонанд бояд яктарафа гузаранд. Ҳар як шахс худаш коргари ба худи ӯ фоидаоварро қабул намуда, дар асоси он дар бораи сифати қарори худ баҳс мекунад. Қароре, ки боиси қабул аст, бояд он қароре бошад, ки нисбат ба зарар бисёртар манфиат биёрад. Агар ҳар як шахс дар алоҳидагӣ чунин қарор қабул мекард, он гоҳ ҷамъ дар корхона ва ҷамъулҷамъ дар ҷамъият рафторҳо нисбат ба бадӣ бисёртар некӣ меоваранд.

Ҳамин тариқ, фардият рафторе мебошад, ки ба дигарон некӣ меорад. Яъне ҳаракати шахсон дар асоси меъёре ба роҳ монда шудааст, ки ҷамъиятро қабул аст. Аммо фардият, ки бештар барои ба мақсадҳои шахсӣ расидан мебошад, дар замони ҳозира, дар ҷамъияти сохтори ташкилиаш баланд бисёртар қарорҳои коллективӣ, гурӯҳӣ, дастаҷамъӣ боиси қабул мебошад.

Усули ҳуқуқию маънавӣ — инсоният аз рӯзи аввали ба дунё омаданаш ҳуқуқҳои бунёдӣ ва озодиҳоеро дорад, ки касе, ё гурӯҳе наметавонанд, ӯро маҳдуд созанд. Ин чунин маъно дорад, ки аз ҷиҳати этикӣ мо бояд қароре қабул намоем, ки аз рӯи он ҳуқуқи одамонро поймол нанамоем.

Дар ҷараёни қабули қарор бояд чунин ҳуқуқҳои маънавӣ ба инобат гирифта шаванд:

пешина
аз 465
навбатӣ