Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Аммо Шумо ба наздикӣ хонда будед, ки бо дастгирии суд, ки дар ҳолати касалии СПИД доштани коргар, корхона маблағи суғуртавӣ намесупорад. Шумо оё тарафҳои ҳуқуқии ҳамин масъаларо омӯхта, ба суд муроҷиат мекунед?
-
Шумо чун менеҷер оид ба фурӯш дар ширкати калони дорубарорӣ, супориш гирифтаед, ки нақшаи фурӯши доруи навро дар бозор тайёр намоед, ки нархи як андозаи табобатиаш — 2500$ мебошад. Лекин шумо медонед, ки самараи ин дору аз доруи пештараи дар бозорбуда, ки нархаш чор маротиба арзон аст каме зиёдтар аст.
-
Шумо ин корро дидаю дониста доруро бо нархи 2500$ мефурӯшед?
-
Агар не, оё ҳолати дигаре ҳаст, ки одамро аз марг наҷот медиҳад?
-
Шумо бухгалтери корхона. То охири сол каме вақт мондааст, аммо барои иҷрои нақша 15 ҳазор доллар намерасад. 21 декабр Шумо санад-ҳисоб гирифтед, ки ба ташкилоти Шумо бо миқдори 20000 доллар таҷҳизот меоранд. Мувофиқи сиёсати компания маблағро, вақте ки мол дастрас мешавад, мегузаронанд. Аммо директор Шуморо мегӯяд, ки пулашро дар моҳи феврал мегузаронем! Қарори Шумо?
Ин гуна мисолҳо чунон бисёр мебошанд, ки ҳар рӯз менеҷерон ба он дучор мешаванд. Акнун масоилҳои дигар ба вуҷуд меоянд, ки кадом роҳҳо, ё худ усулҳо имконият медиҳанд, ки рафтори этикиро таҳлил намуда, дуруст, ё нодуруст қабул карда шудани қарорҳои идоракуниро муайян созем. Чунки аксарияти қарори меъёрҳои этикӣ боиси муноқиша ва норозӣгӣ дар ташкилот ва ҳатто байни ташкилот ва ҷамъиятҳо, ҳамчунин шахсони алоҳида мегардад.
Ба масъалаҳои этикӣ ва интихоби шахсӣ рӯбарӯ гашта, менеҷерон асосан ба меъёрҳо такя мекунанд, яъне меъёрҳое, ки тибқи мақсадҳо ва қарорҳои корхона қабул карда шудаанд. Дар этика як қатор роҳҳо дар фаҳмиши арзишҳо ва меъёрҳо вуҷуд дорад, ки дар таҷрибаи менеҷмент қабул карда мешаванд: усули таъсиррасонӣ, инфиродӣ, ҳуқуқию маънавӣ ва концепсияи адолатпарастӣ.
Усули таъсиррасонӣ — қоидаҳои асосии ин усул дар асри XIX аз тарафи файласуф Бентам ва Ҷон Стюарт Милл қабул шудааст, ки мувофиқи меъёрҳои маънавии рафтор ба одамон фоидаи зиёд меоранд. Қарор қабул карда, ҳар як шахс бояд фикри таъсири ҳар як муомилан онро ба тарафҳои ҳавасманд андешида, муомилаеро интихоб намояд, ки миқдори зиёдтари одамонро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё