Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
доираи муайяни меъёрҳои ҳуқуқӣ иҷозат дода шудааст. Системаи ба ин муқобил ин интихоби озоди шаҳрвандон аст. Дар ин ҷо рафторе, ки дар бораи қонунҳо доир ба одамон ва ташкилот чизе намегӯяд ва одамон озод мебошанд. Ин рафторҳои озоди интихоби дин барои шахсиятҳо ва банақшагирии ташкилот ҳаҷми маҳсулот мебошад. Дар байни ин ду рафтори номбаршуда системаи этика амал мекунад, ки дар ягон ҳуҷҷатҳо дарҷ нагардида, вале ҳамчун арзишҳо ва қоидаҳои умумибашарӣ қабул карда шудааст. Дар ҳолати интихоби озод одамон бояд ба худашон итоат намоянд, ба қонунҳои дохилии худ. Дар ҳолати системаи этикӣ шахс бояд ба меъёрҳои муайяни рафторӣ дар ташкилот, ки барои шикастани онҳо ҷазоҳои мувофиқ муайян шудааст, риоя намояд. Қароре, ки ба меъёрҳои этикӣ дуруст бошад, пас бояд ба меъёрҳои ҳуқуқӣ ва маънавии шахсӣ мувофиқат намоянд.
Дар шакли содда гуфтан мумкин аст, ки барои шахсон ва ташкилот интихоб чунин мебошад, ки ë риояи пурраи қонунҳо ва озодии мутлақ вагарна баръакс, ҳолатҳои маҳдудияти озодӣ ва ҷаримаю ҷазоҳо.
Аз тарафи дигар баъзе одамоне пайдо мешаванд, ки ақидаи нодуруст доранд ва гӯё чизи дар қонун маҳкум нашуда ба меъёрҳои этикӣ рост меомада бошад. Мувофиқи мақсад мебуд, ки ташкили фаъолияти дохилии корхона, роҳбарият ва одамон дар асоси меъёрҳои этикӣ ба роҳ монда мешуд, ки дар натиҷа «кодекси рафтор»-ро ташкил медод ва дигар талабот ба қонунҳои ҳуқуқӣ иловагӣ пайдо намешуд. Интичунин аз масоили интихоби озод халос мешудем. Бо сабаби он ки меъёрҳои этикӣ дар ҷое сабт карда нашудаанд, аксар маврид дар вақти пайдо гаштани ин масъалаҳо гуногунфикрҳои зиёд ба миён меояд. Ҳатто ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки акнун ҳалли масъала аз рӯи меъёрҳои этикӣ самаранок нест.
Одамонро, ки бо масъалаҳои этикӣ дар корхона сарукор доранд, агенти маънавӣ меноманд. Дар ташкилот бисёр масоилҳо оид ба рафтори этикӣ пайдо мегарданд, ки ҳалли онҳо мушкил буда, масоилҳои дигарро сабаб мешаванд. Мисол: 1. Яке аз менеҷерони касбии ташкилоти миёна мегӯяд, ки ӯ бо мақсади табобат намудани худ аз касалии СПИД дар як вақти муайян ба кор намеояд. Барои ин ба вай суғуртаи тиббӣ зарур мебошад, аммо вазъияти фонди суғуртаи ташкилот хеле мушкил буда, наметавонад, ки маблағи суғуртавиро гузаронад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё