Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
8.1. Этикаи менеҷмент ва омилҳои интихоби этикӣ
Фаҳмиши умумии этика - ин кулли қоидаҳои маънавӣ ва арзишҳое, ки рафтори одамон, ё гурӯҳи одамонро идора мекунанд ва баҳои мусбат, ё манфии фикри онҳоро муайян месозад. Аз дигар тараф этика кодекси қонунҳои дохилии одамон буда, муайян месозад, ки чӣ тавр рафтор бояд кард, кадом рафторро набояд кард, кадом қарорро бояд қабул кард, кадомашро не, ҳудуд ё сарҳади байни некию бадӣ чӣ гуна бошад. Этика ин худ арзишҳои дохилии одамон буда, дар навбати худ як қисми маданияти корпоративии корхона мебошад, ки барои қабул намудани қарори идоракунии корхона таъсири худро мерасонад ва аз нигоҳи иҷтимоӣ қабулшаванда будани онҳоро нишон медиҳанд.
Масоили этикӣ дар он ҳолате пайдо мешавад, ки агар рафтори як шахси алоҳида, ё умуман ташкилот ба муҳит, атрофиён зарар, ё худ фоида меорад. Барои мисол роли қоидаҳои этикии рафтори шахс ва таъсири меъёрҳои ҳуқуқиро дида мебароем: (Нигаред ба расми 1).
Расми 1. Нишондиҳандаҳои асосии муайянкунандаи фаъолияти одамон ва системаи ташкилии меъёрҳо.
Чунон ки аз расм маълум аст, рафтори одамон аз рӯи се меъёр муайян карда мешавад.
Системаи аввал - ин системаи қонунҳо, меъёрҳои хаттӣ ва арзишҳое, ки назорати иҷрои онро системаи назорати давлатӣ (суд, прокурор), ба ӯҳда дорад. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ муайян шудааст, ки фаъолияти ташкилот ва аъзоёни он дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё