Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Расми 5.

Номгӯи барномаҳо | Мазмун
---|--- Ҳақмузд вобаста ба натиҷаи кор | Ҳар як коргар ҳақмузди баробар ба натиҷаи ҳиссаи худ дар иҷрои супориш мегирад ва ин ҳақмузд аз рӯи хизматаш номида мешавад.
Иштирок дар даромадҳо | Мукофотонидани ҳамаи коргарон ва менеҷерон дар ҳолати мақсадҳои гузошташударо ноил шудани корхона. Ҳавасмандии кор.
Барномаи иштирок дар моликияти корхона | Коргарон оҳиста - оҳиста ҳамчун моликиятдори корхона мешаванд, вақте ки дар тақсимоти фоида иштирок менамоянд.
Ҳақмузди якбора | Мукофотонидани меҳнатии коргар дар шакли мукофоти пулии якбора.
Алоқаи музди меҳнат ва малакаи коргар | Музди меҳнат аз малакаи дониш ва кордонии коргар вобаста мебошад. Дар коргарон мотиватсияи баланд бардоштани малакаи дониш пайдо мегардад.
Ҷадвали кории давомнок | Реҷаи кории давомнок имкон медиҳад, ки коргар меҳнат ва рӯзи кории худро мустақилона ба нақша гирад. Дар ин ҳолат коргар метавонад ду вазифаро иҷро намояд.

Менеҷере, ки бахше аз ӯҳдадориҳои худро ба итоаткунандагони худ медиҳад, коргарони ӯ нисбат ба иҷрои вазифаи худ мотиватсия ва эҷодкории устувор доранд.

Тақсимоти ҳукмронӣ дар байни коргарон чунин маъно дорад, ки коргарон аз чор «рамзи озодӣ»: ахбор, дониш, ҳукмронӣ ва ҳақмузд бархурдор мебошанд.

пешина
аз 465
навбатӣ