Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Ҳолати вазнини рӯҳӣ. Ҳамчунон ки таъкид шуд, агар супоришҳои корӣ тавсифҳои номбаршударо доро бошанд ва фардҳои алоҳида дар ҳолати хуби рӯҳӣ қарор дошта бошанд, қаноатмандии зиёд ба вуҷуд меояд.
Гуногуншаклӣ ва алоҳидагии моҳияти супориш дар коргарон ҳиссиёти аҳамият доштани кори ӯро бедор менамояд. Дар ин ҳолат коргар худ ба худ қаноатманд мегардад. Мухторият ҳиссиёти масъулиятнокиро зиёд менамояд, алоқаи баръакс бошад, донистани натиҷаи ҳақиқии меҳнатро метезонад. Барои коргарон дарк намудан зарур аст, то чӣ андоза ӯ корро дуруст иҷро кардааст, вагарна бояд, ки ӯ кӯшиш намояд.
Натиҷаҳои шахсӣ ва корӣ. Таъсири омилҳои пешниҳодшуда ба рӯҳияи фардии ҳис кардани моҳияти масъала, масъулият, донистани натиҷаи он, баланд шудани мотиватсияи меҳнат, ҳаракат кардан ба нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ, камшавии рафтани кормандонро аз корхона метезонад.
Дараҷаи афзоиши талабот ва устувории он. Афзоиши дараҷаи талаботи одамон фақат фардӣ буда, ба ҳар як шахси алоҳида вобаста мебошад. Инсон вобаста ба назарияи аҳроми Маслоу талаботи худро таъмин месозад. Бинобар ин, барои аксари одамон фақат зинаи 1 ва 2 кифоя мебошад.
Барномаҳои нави мотиватсионӣ. Дар солҳои охир корхонаҳои тиҷоратии амрикоӣ шаклҳои гуногуни барномаҳои мотиватсиониро истифода мекунанд, ки барои баланд бардоштани дараҷаи қаноатмандии коргарон аз меҳнат ва натиҷаи он кӯмак мерасонанд.
Яке аз равияҳои нави барномаҳои мотививатсионӣ тақсимоти ҳукмронӣ ба шумори меравад. Ба коргари оддӣ додани ҳукмронии иловагӣ самаранокии истеҳсолиро тақвият мебахшад. Дар натиҷаи чунин таҷриба ҳосилнокии меҳнати баландро соҳиб гаштан мумкин аст, зеро чунин барнома имконоти меҳнати эҷодиро пайдо мекунад. Ҳангоме ки коргар мустақилона қарор қабул менамояд, доир ба усули иҷроиши супориши кори низ андешаронӣ менамояд. Аксари коргарони корхонаҳо мехоҳанд, ки корро бо дараҷаи аъло иҷро карда худро нишон диҳанд ва барои боло рафтани шахсияти худ замина муҳайё созанд. Аксари роҳбарон бар он ақидаанд, ки имконоти менеҷер пеш аз ҳама аз рӯи нишондиҳандаи дараҷаи мотиватсия ва ҳавасмандии коргарон муайян карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё