Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Коргарон доир ба фаъолияти корхона ахбор мегиранд. Дар ташкилот қоидаи тақсимоти ҳукмронӣ амал мекунад ва коргарон имкон доранд, ки ахбори зарурии худро гиранд. Масалан, дар корхонаи тиҷоратӣ ва истеҳсолии Com-Corp Industries-и американӣ ҳар як коргар имконоти ба ахбори молиявии корхона дохил шуданро дорад.

Коргарон дорои дониш ва малакаи касбие мебошанд, ки барои ба мақсади корхона расидан истифода мешавад. Барои он ки коргарон соҳиби маълумот ва донишҳои нав гарданд, дар муассисаҳои тиҷоратию истеҳсолӣ барномаҳои махсуси омӯзиш таҳрезӣ мегарданд. Дар баъзе корхонаҳо худи директор, ё ҷонишинони ӯ лексия хонда, коргаронро бо тарзу усули роҳбарӣ ва қабули қарори идоракунӣ ошно менамоянд.

Ҳар як коргар барои қабули қарори мустақилона ҳукмронии басанда дорад. Коргарони муассисаи тиҷоратию истеҳсолӣ метавонанд барои иҷрои фаъолияти гуногун ба якдигар кӯмак расонда, мутобиқат намоянд. Дараҷаи ҳақмузди коргар вобаста ба натиҷаи кори муассиса дар якуқои муайян мешавад.
Аз ин лиҳоз, ҳар як коргар дар мавқеи худ ҳукмрон буда, барои ташкили ҷараёни хуби корӣ кӯшиш менамояд ва ҷиҳати таҳкими самаранокии меҳнати дигарон, назорати идоракуниро пеш мебарад.

7.6. Саволҳои санҷишӣ

  1. Мотивация чист? Алоқамандии мотивация ва ҳавасмандӣ дар чист?
  2. Сарчашмаи фаъолнокии шахсиятҳоро шумо дар чӣ мебинед?
  3. Сохтори талаботи одамон кадоманд?
  4. Шаклҳои ҳавасмандкунии коргаронро гуфта диҳед.
  5. Мақоми роҳбарро дар беҳтаршавии ҷараёни мотивация чӣ хел мебинед?
  6. Оё адолатпарастӣ метавонад сарчашмаи ҳавасмандӣ гардад?
  7. Рафторҳои хуби инсониро номбар кунед.
пешина
аз 465
навбатӣ