Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шахсӣ;
расмӣ.

Шиносии шахсӣ - коргаре, ки дар ҷараёни кор хуб кор карда, меҳнати самаранок карда, интизоми хуб дорад, ба роҳбарияти болоӣ пешниҳод карда мешавад. Асосан ҳавасмандӣ дар рӯзҳои ҷашнӣ, ё худ ҳангоми натиҷаи ҷамъбасти фаъолият раҳматномаҳо дода шаванд.

Шиносии расмӣ бо роҳи васеъ паҳн шудани ахбор оид ба муваффақиятҳои кори коргарон дар рӯзномаҳои корхона, тахтаи фахрӣ, грамота, мукофотҳо ва ғайра сурат мегирад. Ба ҳавасмандии маънавӣ инчунин таърифномаҳо ва танқидҳо дохил мешаванд.

Яке аз вазифаҳои мотиватсионии менеҷмент дар он аст, ки барои кори хуби натиҷадор бояд, ки ҳатман коргарон ва коллектив таъриф карда шаванд. Ҳамчунин барои камбудиҳо низ танқид бояд вуҷуд дошта бошад. Лекин талаботи асосӣ дар он аст, ки дар вақти танқид мо бояд, хеле ҳам эҳтиёткор бошем, то ин ки коргар барои ислоҳи ғалати худ ҳаракат намояд, на ин ки баръакс боиси бад шудани ҳолати рӯҳии коллектив гардад.

Ҳавасмандии иҷтимоӣ-рӯҳӣ - зарурияти ҳавасмандӣ аз талабот бармеояд, ки ҷамъият барои одам чӣ хел таъсир мерасонад.

Маҳз ҷамъият ягона талаботи шароити хуби зиндагонии одам мебошад. Бинобар ин муҳити хуби коллектив, шароити муносибати одамон, барои одам таъсири хуби рӯҳии худро мерасонад.

Дар ин ҷода, вазифаи менеҷмент пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки шароити хуби муносибатҳои инсониро дар коллектив ташкил намуда, ҳолати солими иҷтимоӣ-рӯҳии коллективро доимо нигоҳ дорад.

7.5. Васеъ шудани супоришҳои корӣ ва барномаҳои нави мотиватсионии менеҷмент

Васеъшавии супоришҳои корӣ муттаҳид намудани якчанд супориши хурди алоҳида ба як супориши нисбатан васеъро меноманд. Таҷрибаи зерин дар асоси норизогии коргарони корхонаҳои калони саноатӣ гузаронида шудааст, ки барои аз ҳад зиёд тақсим шудани тақсимоти меҳнат эътирози худро баён карданд. Дар муассисаи тиҷорати васеъшавии супориши коргарон дар тағйир додани қоидаи

пешина
аз 465
навбатӣ