Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Системаи музди меҳнат дар корхонаҳои хурд, ки предмети фаъолият ин ҳар гуна хизматрасониҳо, тарҷума, маслиҳат ва ғайра, бастҳои ҳақмузди дода мешавад, барои ҳар як кори иҷрокардашуда муайян мегардад.

Ҳавасмандкунии менеҷерони асосии ширкатҳо. Профессори мактаби тиҷорати Лондон Ричард Брейли шакли нави ҳавасмандкунии менеҷерони фирмаҳои калонро бо роҳи харидани саҳмияҳо бо нархи ҳисобшуда ва фурӯхтани он бо нархи бозорӣ дар вақти муайян, инчунин иҷозат додани менеҷер то 5%-и саҳмияҳоро харидан муайян менамояд. Дар ин ҳолат менеҷер ҳавасманд аст, ки фирмаро тарк накунанд.

Ҳавасмандкунии ғайримоддии меҳнат. Масъалаи ҳавасмандкунии моддӣ мушкилии муҳим буда, на ҳама вақт метавонад, ки талаботи мотиватсионӣ коргаронро таъмин намоянд.

Аз тарафи дигар, имрӯз дар Тоҷикистон, ки дараҷаи беқурбшавии пули миллӣ, баландшавии нархи молҳои саноатӣ дида мешавад, музди меҳнат дар аксарияти корхонаҳои буҷавии давлатӣ, ҳатто тиҷоратии давлатӣ ва ғайридавлатӣ низ мазмуни иқтисодии худро қариб, ки гум кардааст. Ба ҳисоби миёна музди меҳнати моҳонаи як коргар дар Тоҷикистон аз 7 то 15 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки ин хеле ҳам паст мебошад.

Дар чунин ҳолат мақоми хосро шакли ғайримоддии ҳавасмандии меҳнат пайдо мекунад.

Ҳавасмандкунии ғайримоддиро ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд:

  1. Ҳавасмандии иҷтимоӣ.
  2. Ҳавасмандии маънавӣ.
  3. Ҳавасмандии эҷодӣ.

Ҳавасмандии иҷтимоӣ вобаста ба талаботи худифодаи коргарон ва кӯшиши он, ки мақоми муайяни ҷамъиятӣ ва зинаи муайяни ҳукмрониро доро шавад, муайян карда мешавад. Ин ҳавасмандӣ бо роҳи вазифа додани коргар, ба зинаҳо боло рафтани он, дар интихоботҳо иштирок кардан ва ғайра сурат мегирад.

Ҳавасмандии маънавӣ вобаста ба талаботи одам ба эҳтиром аз тарафи коллектив ва қабул кардани коргар ҳамчун шахсият дода мешавад. Шинохтани шахсият ду хел мешавад:

пешина
аз 465
навбатӣ