Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Шакли корбайи музди меҳнат барои коргарони алоҳида ва коллективи коргарон дода мешавад.

Шакли пудратии музди меҳнат музди меҳнате мебошад, ки дар асоси шартнома як тараф ӯҳдадор мешавад, ки кори муайянеро иҷро мекунад ва тарафи дигар ӯҳдадор мешавад, ки баъди анҷоми кор муздашро медиҳад.

Дар солҳои охир шакли омехтаи музди меҳнат дода мешавад, аз як тараф, ҳар як коргар барои иҷрои кори кардааш ҳақмузд мегирад, аз тарафи дигар, хусусиятҳои хоси корӣ аз рӯи музди кории худ. Дар кишварҳои хориҷа аксар менеҷерон ҳаракат мекунанд, ки дар гурӯҳ кор карданро омӯзанд, чунки ҳар як давраи муайян маоши ӯ зиёд мешавад.

Ҷузъҳои истеҳсолии корхонаҳои калони байналхалқӣ асосан аз гурӯҳҳои хурд иборат мебошанд, ки ҳамчун маркази хароҷот, ё маркази фоида мебошанд. Вобаста ба ин ду шакли музди меҳнат арзӣ вуҷуд мекунанд:

  1. Аз рӯи кам кардани хароҷот.
  2. Аз рӯи фоида гирифтан.

Системаи музди меҳнати бетариф чунин системае мебошад, ки музди меҳнати коргарон пурра аз натиҷаи охирони кори тамоми коллектив вобаста мебошад. Бинобар қабул кардани ин система мушоҳида мешавад, ки натиҷаи меҳнат пурра аниқ карда шудааст ва ҳавасмандии умумӣ барои ба анҷом расонидани кор вуҷуд дорад. Ин гуна системаҳо асосан дар сохтмон ва корҳои мавсимӣ дида мешаванд. Аксар маврид дар вақти чунин системаро истифода кардан барои муайян кардани ҳиссаи иштироки ҳар як коргар, ё малакаи он, (КИМ) коэффициент иштироки меҳнатиро муайян мекунанд, ки вобаста ба интизоми меҳнатӣ, таҷрибаи корӣ, иштироки фаъол ва малакаи коргар аз 1,00 то 2,00 КИМ гузошта мешавад.

Музди меҳнати комиссионӣ барои коргароне, ки аз рӯи созишнома ва шартнома кор мекунанд. Вобаста ба ҳиссаи даромаде, ки аз ҳисоби фурӯши маҳсулот, ё худ хизмате, ки коргар иҷро мекунад, муайян карда мешавад.

Системаи музди меҳнате, ки дар асоси маошҳои тағйирёбанда ҳисоб карда мешаванд. Вобаста ба натиҷаи корӣ музд ҳар як моҳ баланд, ё паст карда мешавад. Масалан, ҳаҷми маош ба ҳар як фоизи афзоиши ҳосилнокии меҳнат меафзояд, ё худ паст мешавад.

пешина
аз 465
навбатӣ