Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Нархномаҳо вобаста ба дараҷаи корҳо, вобаста аз мураккабии он муайян карда мешавад. Нархномаи корбайъ аз рӯи тақсими басти тарифии рӯзона (соатӣ) ба дараҷаи кори иҷромешуда дар вақти меъёрӣ робита дорад.
Меъёри коркард ҳаҷми муайяншудаи корро меноманд, ки дар як воҳиди вақт (баст) иҷро карда мешавад.
Меъёри вақт ҳаҷми вақте, ки барои истеҳсоли як воҳиди маҳсулот, ё ин ки кор сарф мешавад.
Музди меҳнати корбайъ дар шароитҳои зерин истифода карда мешавад:
- Ҳисоби миқдории нишондиҳандаҳо, ки аз коргари алоҳида вобаста аст, маълум мебошад.
- Ба коргарони шӯъбаҳои алоҳида зиёд кардани музди меҳнат ё ин ки ҳаҷми корҳои иҷромешуда.
- Дар шӯъбаи алоҳида, ё бахшҳои алоҳидаи корхона ҳавасмандкунии коргарон аз рӯи миқдори кор, ё ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда.
- Бамеъёргирии техникии меҳнат.
Системаи музди меҳнати корбайъ дар ҳолатҳое истифода бурда намешавад, ки агар он ба пастшавии сифати мол, ё корҳои иҷрошуда оварда нарасонад.
Шаклҳои гуногунии системаи музди меҳнати корбайъ вуҷуд дорад:
- музди меҳнати корбайъи бевосита;
- корбайъи инкишофёбанда, корбайъи мукофотӣ.
Музди меҳнати корбайни бевосита - барои коргарони ёридиҳанда истифода карда мешаванд, ки музди меҳнати онҳо аз рӯи ҳаҷми коре, ки коргари асосӣ иҷро мекунад, муайян карда шудааст. Музди меҳнати корбайъи инкишофёбанда шакли музди меҳнатест, ки ба коргар барои истеҳсоли маҳсулоти аз меъёр зиёд дода мешавад.
Системаи корбайъи мукофотӣ дар ҳолате истифода бурда мешавад, ки ҷараёни иҷрои кор ҳавасманд карда шавад. Асосан, ин система дар корҳои мавсимӣ, ё худ барои лоиҳаи муайяни сохтмонӣ ва ғайра истифода бурда мешавад. Ба сифати ченаки мукофот, ҳосилнокии меҳнат, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, иҷрои меъёрҳои коркарди иҷрои кор, сарфаи мавод, вақт ва ғайра зоҳир мегарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё