Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
афзоиши дараҷаи касбии коргар меафзояд. Дараҷаи касбии малакаи коргар, яъне сифати меҳнати вай ва муқобили корро ифода мекунад.
Дар вақти ҳисоб намудани музди меҳнати мутахассисон, роҳбарон ва хизматчиён нақшаи пардохти музди вазифадорӣ истифода карда мешаванд.
Системаи музди меҳнати вақтбайъ дар ҳолатҳои зерин истифода карда мешавад:
ҷараёни истеҳсолие, ки пурра аниқ карда шудааст;
вазифаи коргар барои назорати раванди технологӣ равона шудааст;
кор дар асоси шеваи коре, ки пурра маълум аст;
зиёдшавии ҳаҷми маҳсулот ба вайроншавии сифати мол ва ё нуқсони он оварда мерасонад.
Ҳамин тариқ системаи музди вақтбайъ аз рӯи ҳақмузд ба як воҳиди вақт мувофиқи бастҳои тарифӣ дода мешавад.
Системаи вақтбайъ — мукофотӣ дар ҳолати шартномаи коллективии иҷрои кор мувофиқи вақти иҷрои он ба ҳар як давра ё ин ки сеяки вақти корӣ, дар ҳаҷми 1-2...6, музди асоси мукофот дода мешавад. Музди вақтбайъи мукофотӣ дар ҳолате дода мешавад, ки агар коллектив аз ӯҳдаи иҷрои супориш мебарояд. Мукофот бояд, ки ба сарчашмаш худ мувофиқат намояд, яъне аз ҳисоби фонди музди меҳнат дода шавад ва бар арзиши аслии маҳсулот ҳисоб карда мешавад.
Сарчашмаи ҳақмузд, ё ки мукофот аз рӯи натиҷаи сол, ё ҷамъбасти давраи муайяни корӣ, қисми фоидаи корхона мебошад, ки ба фонди истеъмолӣ тақсим карда мешавад.
Дар шароити ҳозира мукофотҳо ба арзиши аслии маҳсулот зам карда мешаванд. Аммо, агар хароҷоти музди меҳнат аз меъёри қонунии он дар арзиши аслии маҳсулот гузорад, он гоҳ ин қисми музди меҳнат ҳамчун фоида ҳисоб карда шуда, андоз ҳисоб карда мешавад.
Музди меҳнати корбайъ муздест, ки ба коргар вобаста ба миқдори маҳсулоти истеҳсол кардааш, ё хизматҳои иҷрокардааш дода мешавад. Ҳисоббаробаркунӣ дар асоси нархномаҳои корбайъ, меъёри коркард ва меъёри вақт гузаронида мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё