Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хонданДар шароити иқтисоди бозорӣ ҳангоми ташкили музди меҳнат бояд масъалаҳои зерин ба эътибор гирифта шаванд:
- Ҳаҷми музди меҳнат вобаста ба ҳиссаи меҳнатӣ ва дараҷаи касбии коргар бояд муайян карда шавад.
- Ҳақмузди ҳар як коргар бояд аз рӯи натиҷаи меҳнатии тамоми коллектив муайян карда шавад.
- Ташкили музди меҳнат бояд ҳимояи иҷтимоии коргарон, такрористеҳсоли қувваи коргари бо назардошти ҷараёни беқурбшавӣ таъмин карда шавад.
- Дар шароити моликияти ҳиссавӣ ва коллективӣ тақсимоти даромад дар байни коргарон-ҳиссадорон аз рӯи ҳиссаи сармояшон пардохт гардад.
Мотиватсияи дар асоси музди меҳнат ба миён омада дар шаклҳои вақтбайъ ва корбайъ сурат мегирад.
Барои муайян кардани ҳаҷми дурусти музди меҳнати категорияҳои гуногуни коргарон системаи тарифӣ истифода карда мешавад.
Системаи тарифӣ - актҳои меъёрӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки дар шакли марказонидашуда ва алоҳида истифода бурда мешаванд. Он бо мақсади дифференциатсияи музди меҳнат вобаста ба мушкилии шароит, хислат ва моҳияти меҳнат истифода бурда мешавад.
Системаи тарифӣ иборат аст аз:
❖ маълумотномаи тарифӣ - касбӣ; ❖ сеткаи тарифӣ, басти тарифӣ, иловапулиҳо ва рӯйхати корҳои вазнин, заҳрдор ва шароити вазнин; ❖ меъёри коркард, меъёри вақт, меъёри хизматрасонӣ, бамеъёргирии супориш; ❖ ҷадвали пардохти музди хизматчиён.
Маълумотномаи тарифӣ-касбӣ дар худ хислатномаи пурраи намудҳои асосии корҳо бо нишондоди талабот - малакаи иҷрокунандаро дарбар дорад.
Сеткаи тарифӣ - ҷадвали дорои басти тарифии соатбайъ ва рӯйбайъ доир ба ҳар як дараҷаҳоро муттаҳид месозад.
Басти тарифӣ дар шакли пулӣ ҳаҷми музди меҳнати коргаронро доир ба корҳои гуногун (соат, рӯз, моҳ) инъикос менамояд. Бастҳо дар баробари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё