Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
корашонро доранд, масъулиятро низ барои иҷрои он ҳис менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шакли идоракунӣ ҳанӯз ҷорӣ нашудааст.
7.4. Усулҳои иқтисодӣ ва маънавии мотивасияи меҳнат
Асоси мотивҳои иқтисодии рафтори одамонро гирифтани ҳақмузди моддӣ барои иҷрои кори муайян ташкил мекунад. Ин ҳақмузд бевосита ва бавосита ба амал меояд.
Барои таъмин намудани ҳавасмандии менеҷерон, мутахассисон ва коргарон зарур аст, ки шароити мусоиди корие пайдо намоем. Чунин корро бояд менеҷер дар фаъолияти идоракунии худ иҷро намуда, роҳҳои ҳавасмандкунии моддӣ ва маънавӣ, диққатҷалбкунанда будани меҳнат дар корхона, зебо будани муҳити ҷои кор, бамеъёргирии илмии меҳнат ва захираҳо, кафолати шуғли коргарон, баландбардории малакаи дониши коргарон ва ғайра ҷустуҷӯ намояд.
Хароҷоти истеҳсолӣ ва ҳавасмандӣ бояд ба одамон то саршавии фаъолият маълум бошад ва дар тамоми давраи корӣ дар кадом ҳолати тағйироти корие, ки набошад, доимӣ амал намояд. Доир ба тағйироти алоҳида бояд, ки пешакӣ маслиҳат карда шавад ва коргар бояд инро хуб донад ва дар назар дошта бошад.
Менеҷер барои ба даст овардани натиҷаи баланд мақсадҳои аниқи муайян дошта, роҳҳои хуб ва самараноки ҳавасмандкуниро истифода менамояд. Системаи ҳавасмандии самараноки меҳнат бояд, ки кушоду равшан бошад, ҳамаи коргарон аз он бохабар бошанд. Аз дигар тараф, ҳар як ҳавасмандӣ бояд, ки арзанда буда, таъсири манфӣ ба фаъолияти кории дигарон нарасонад.
Ташкили музди меҳнат дар корхонаҳо. Корхона ё ширкат ҳуқуқ доранд, ки худашон шаклу системаи музди меҳнатро, шартҳои мукофотдиҳӣ, ҳайати коргарон, ҳаҷми бастҳои музддиҳиро вобаста ба таносуби байни мураккабии кор ва шароити кор муайян созанд.
Ҳуҷҷати асосии ҳуқуқии батанзимдарорандаи муносибатҳои меҳнатии коргарон ва маъмурияти корхона шартномаи меҳнатӣ мебошад, ки дар он шарту шароитҳои музди меҳнат ва меҳнат нишон дода шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё