Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Дар байни олимони Россия доир ба назарияи мотивиятсия А.С. Виготский ва шогирдони ӯ А.Н. Леонтев ва Б.Ф. Ломоносов таҳқиқот анҷом додаанд. Дар тадқиқоти онҳо мушкилоти рӯҳӣ ва педагогии фаъолият бисёр ҳамаҷониба натиҷагирӣ шудааст.
Аз рӯи назарияи А.С. Виготский, дар майнаи одамон ду дараҷаи инкишоф: олӣ ва паст вуҷуд дорад, ки талаботи баланд ва пасти одамонро муайян карда, якхела инкишоф меёбанд. Бинобар ин, таъминоти талаботи як дараҷа ба воситаи талаботи дигар ғайриимкон мебошад. А.С. Виготский қайд мекунад, ки талаботи олӣ ва поёнии одам баробар ва мустақилона инкишоф ёфта, дар якҷоягӣ рафтори одам ва фаъолияти онро идора мекунанд.
Усулҳои ғайрииқтисодии ҳавасмандкунӣ ба гурӯҳи ташкилӣ ва маънавӣ дохил мешаванд. Ҳавасмандкунии ташкилӣ мақсади мотивиятсия, ҷалб намудан ба корҳои ташкилии корхона, беҳтар кардани шароити меҳнат ва ғайраро дарбар мегирад.
Назарияи мақсадгузории Э.Лока ба он такя мекунад, ки тамоми коргарон ба ин ё он дараҷа мақсади корхонаро ҳамчун мақсади худ қабул намуда, барои иҷрои он ҳаракат мекунанд ва аз иҷрои кори худ қаноатмандӣ мегиранд.
Натиҷаи мақсади корхона пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки то чӣ андоза мақсадҳо ҳақиқӣ буда, ҷараёни иҷрои он дуруст ташкил карда шудааст.
Мувофиқи назарияи мақсадгузорӣ ба мотивиятсия таъсири калонро натоиҷи фаъолият низ мерасонад. Агар натиҷагирӣ мусбӣ бошад, иҷрокунанда қаноатманд мегардад, мотивиятсияи меҳнат боло меравад ва дар ҳолати баръакс кам мешавад.
Ба дараҷаи қаноатмандии натоиҷ баҳои дохилӣ ва беруна таъсир мерасонад.
Назарияи идоракунии иштирок дорои чунин мазмун аст, ки агар одам дар ҷараёни фаъолияти гуногуни дохилии ташкилӣ иштирок намояд, вай аз ин қаноатмандӣ гирифта, бо боздебӣ баланд, сифатнок ва ҳосилнокии баланд кор мекунад.
Идоракунии иштирокӣ имконият медиҳад, ки коргарон дар ҷараёни қабули қарори идоракунӣ иштирок намоянд, ки ин боиси мотиватсия ба иҷрои хуби кор мегардад. Вақте ки коргарон имкони назорати сифат ва миқдори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё