Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
дигаронро ифода мекунад, дарк намояд, ки ба ӯ муносибате мекунанд ва барои дигарон худро қаноатманд ҳисобида кор мекунад ва агар не баръакс.
Ҳатто ин мотиви ноқаноатмандӣ дар ҳолатҳое ҳам мушоҳида мешавад, ки шумо ҳақмузди хеле баланд ҳам медиҳед.
Аз рӯи ақидаи Ҷ. Адамс ҳар як субъект доимо аз рӯи фикри худаш чунин мутаносибро баҳо медиҳад:
Даромади фардӣ = Даромади одамони дигар Хароҷоти фардӣ Хароҷоти одамони дигар
Дар ин ҳолат ба хароҷот на фақат ҳаракати одамро барои иҷрои кор, балки собиқаи корӣ, дараҷаи касбӣ, синну сол, дараҷаи иҷтимоӣ ва ғайраро дохил менамоянд. Баҳои хароҷот ва натиҷа хусусан барои дигар шахсон, ки шумо ахбори пурра надошта, аксар маврид баҳо медиҳед, субъективона мебошанд.
Ҳангоми баҳодиҳии муқоисавӣ, агар коргар бинад, ки ноҳаққӣ вуҷуд надорад, он гоҳ омилҳои мотиватсионӣ хуб амал мекунанд. Агар ӯ фаҳмад, ки ноҳақӣ дар ташкилот вуҷуд дорад, он гоҳ омилҳои демотиватсияи шахсиятҳо кор мекунанд, ки натиҷаи манфӣ ба бор меоварад.
Назарияи мотивиятсияи Л. Портер - Э. Лоулер дар асоси унсурҳои назарияи интизорӣ ва ҳақиқатпарастӣ тартиб дода шудааст. Моҳияти ин назария аз он иборат мебошад, ки байни ҳақмузд ва натиҷаи бадастомада як ченаки нисбӣ бояд вуҷуд дошта бошад.
Муаллифон нишондиҳандаҳои тағйирёбандаеро ҷорӣ намудаанд, ки ба миқдори ҳақмузд таъсир мерасонанд. Хароҷоти қувва, сифатҳои шахсияти одамон ва донистани мавқеи худ дар ҷараёни меҳнат аз шумори нишондиҳандаҳо маҳсуб мегарданд. Унсури назарияи интизорӣ дар он зоҳир мегардад, ки коргар ҳақмуздро вобаста ба хароҷоти қувваи кориаш баҳо дода, боварӣ дорад, ки он миқдорро ба ӯ медиҳанд. Дар назарияи ҳақиқатпарастӣ бошад одамон ақидаи худро нисбат ба худ ва нисбат ба шахсони дигар доир ба ҳақиқатпарастии ҳақмузд доранд. Аз ин ҷо, хулосаи муҳим он аст, ки сабаби асосии қаноатмандӣ натиҷаи меҳнати коргар мебошад. Мувофиқи ин назария натиҷагирӣ бояд, ки доимо баланд шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё