Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Аз рӯи модели Ф. Герсберг қаноатмандӣ ва ғайриканоатмандӣ ҷараёнҳои мустақил мебошанд ва омилҳои ба онҳо таъсиррасонанда мустақилона амал мекунанд. Талаботро Ф. Герсберг ба ду гурӯҳ ҷудо мекунад:
-
Мотивасионӣ — фаҳмишӣ, муваффақият, инкишофи эҷодӣ, боло
рафтан аз рӯи хизмат; -
Гигиенӣ — вобаста ба шароити меҳнат (музди меҳнат, мукофот, муҳити дохила ва ғайра).
Аз рӯи назарияи Ф. Герсберг омилҳои гигиениро коргарон мотивация намекунанд, балки пайдоиши онҳо ғайриканоатмандиро ба миён меоранд. Барои ҳавасмандгардонии онҳо ҷараёнҳои мотиватсиониро бояд истифода кард. Роҳбар бояд аввал ноқаноатмандиро аз байн бардошта, баъд қаноатмандиро илова намояд.
Консепсияи ҷараёнии мотивация на фақат талаботи алоҳида, балки дарк кардани ҳолатҳо, интизорӣ ва вобаста ба ин баҳо додани имконияти худ ва натиҷагирӣ аз интихоби чунин рафторро таъмин менамояд.
Назарияи интизории В. Врума чунин ҳисоб мекунад, ки ғайр аз талаботи одам боз умеде барои туҳфаи ҳақиқат вуҷуд дорад. Назарияи худро вай ба ин шева маънидод менамояд, ки одам вақте, ки ин ё он амалро интихоб мекунад, ба як қатор имконотҳо рӯ ба рӯ мешавад ва вай тайёр аст, ки тамоми қувваашро барои натиҷагирӣ сарф кунад.
Дараҷаи хоҳишмандӣ, диққатҷалбкунандагӣ, бартариятнокии натоиҷи аниқро дар ҳудуди консепсияи зерини (валентнокӣ) баробарӣ ном гирифта аст:
Агар натиҷагирӣ арзиш дошта бошад, он гоҳ баробари мусбӣ, агар натиҷагирии манфӣ бошад, баробари манфӣ, агар натиҷагирӣ бенишондиҳанда бошад, он гоҳ баробари нулӣ дида мешавад.
Интизорӣ имконоти пайдошавии иҷроиши коре ва гирифтани ҳақмузди арзанда барои иҷрои он мебошад. Баҳое, ки дараҷаи мотиватсияи кор, ё фаъолияти мушаххасро муайян месозад, эҳтимолият дар он аст, ки коргар худаш аз ӯҳдаи иҷрои кор мебарояд ва муваффақияти кори ӯ аз тарафи роҳбар баҳо дода шуда, қадршиносӣ карда мешавад.
Назарияи ҳақиқатпарастии Ч. Адамс мотиватсияи одам ва баҳои ҳақиқии
фаъолияти ӯ, натиҷагирии корӣ нисбат ба давраҳои гузашта ва таъсиррасонӣ ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё