Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Назарияи мотиватсияи Д. Мак Клелланда талаботи бадастовардашуда ном дорад. Дар ин ҷо дараҷаи олии талаботи А. Маслоу пешниҳод карда мешавад. Муаллиф се шакли талаботро: муваффақият, иштирокчӣ ва ҳокимиятро пешниҳод менамояд.

Талабот барои муваффақиятҳо дар асоси ҳаракати одам барои иҷрои самараноки мақсадҳои гузошташуда нисбат ба пештара амалӣ мегардад. Мақсадро қариб ҳар як шахс ба тарзе, ки вай ҳақиқӣ мебошад мустақилона пеш мегузорад. Дар ҳолате ки натиҷаи охирин ва муваффақият кафолат дода мешавад, ҷавобгарии шахсиро ба уҳда мегиранд.

Талабот барои иштирокчӣ будан дар асоси барпо намудани муносибат ба муҳити одамон ва соҳиб гаштан ба дастгирии онҳо татбиқ меёбад. Барои таъмин намудани чунин талабот одам бояд доимо алоқаҳои васеъ ва ахбори пурра дошта бошад.

Талабот барои ҳокимиятдорӣ ҳаракатеро ифода мекунад, ки барои рафтори одамон таъсир расонда, ба худ масъулиятро қабул намоянд. Аммо, дар ин ҷо сухан фақат дар бораи талаботи ҳукмронии маъмурӣ нарафта, балки доир ба ҳукмронии қобилият, шахсият ва ғайра меравад. Як гурӯҳи одамон доимо кӯшиши ҳукмронӣ мекунанд. Ҳукмронӣ барои он лозим аст, ки одам худро нишон диҳад, ки ҳалли масъаларо нисбат ба дигарон хуб иҷро мекунад ва тайёр ҳаст, ки масъулиятро пурра ба уҳдаи худ гирад. Маҳз ҳамин талаботро Мак Клелланд барои менеҷер асосӣ меҳисобад.

Назарияи мотиватсионии Ф. Герсберг модели дуомилии талаботро пешниҳод намудааст (нимаи дуюми солҳои 50-уми асри XX). Муаллиф нишон додааст, ки мотиватсия метавонад, ки на танҳо қаноатмандӣ, балки ғайриқаноатмандиро низ ба миён орад.

пешина
аз 465
навбатӣ