Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Вобаста ба аҳром ҳар қадаре, ки талабот боло меравад, ҳамон андоза он барои гурӯҳи ками одамон рафтори мотиватсионӣ мегардад. Таъмин нагаштани талаботи одамон ба ақидаи А. Маслоу боиси фаъолгардонии амалиёти онҳо мегардад. Аммо, вақте ки талабот қонеъ мегардад, ҷои ӯро дигар талабот мегирад.
Дар ин равиш талаботе, ки дар наздикии пояи пирамида мебошад, бояд, ки дар навбати аввал таъмин карда шавад. Дар баробари таъмин шудани онҳо, талаботи дараҷаи дигар таъсир мерасонанд.
Ба гурӯҳи якуми талабот А. Маслоу талаботи физиологиро, яъне унсурҳое, ки инсонро ҷиҳати зинда мондан таъмин менамоянд: хӯрок, манзил ва истироҳат дохил менамояд. Барои таъмин музди меҳнати минималӣ ва шароити меҳнатии миёна пешниҳод мешаванд.
Ба гурӯҳи дуюм талабот ба бехатарӣ ва боварӣ ба ояндае, ки бо ёрии музди меҳнате, ки аз дараҷаи минималӣ зиёд мебошад, дохил мешавад. Чунин музди меҳнат бояд, ки имкони харидани варақаи суғуртавӣ ва ҳаққи аъзогии нафақаро таъмин намояд. Боварӣ ба оянда кор кардан дар ташкилоти бовариноке, ки ояндаи ҳимояи иҷтимоиро кафолат медиҳад маънидод мешавад. Бе таъмин намудани талаботи якум ва дуюм талаботи миёнаи зиндагониро таъмин кардан ғайриимкон мебошад.
Ба гурӯҳи сеюм талаботе ҷойгир мебошанд, ки дастгирии муҳит, ҷамъият ва коллективе, ки шумо кор мекунед тааллуқ доранд. Барои таъмин намудани чунин талабот мебоист дар коллектив кор карда, соҳиби обрӯю эътибор гашт.
Ба гурӯҳи чорум талаботи худнишондиҳӣ, яъне муаррифии худ дар ҷомеа дохил мешавад. Чунин талабот дар асоси обрӯю эътибор пайдо кардан, пешво шудан, маълум гаштан ва расман шинохтани шумо аз тарафи ҷомеа, давлат ва ташкилот амалӣ мегарданд. Идоракуние, ки чунин талаботро доранд, барои вазифа, мукофот ва дигар пешниҳодҳо осон мебошад.
Талаботи панҷум доир ба худифодакунӣ, амалӣ гардонидани имконоти касбӣ ва зеҳнии худ, новобаста аз қабули муҳити беруна мебошад. Барои таъмин намудани чунин талабот одам бояд озодии мутлақи эҷодӣ дошта, дар интихобу воситаҳои иҷрои масъала мустақил бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё